Иттиҳоми "бозии дугона" ба сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Русия
Устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Урали Русия сиёсати давлати Тоҷикистон дар қиболи Маскавро "бозии дугона" номид.
Ба гузориши сойти русии "Взгляд", Валерий Амиров таъкид кард, тағйири номи бархе кӯчаҳо ва хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон аз номҳои русӣ ба тоҷикӣ (форсӣ) нишонаи садоқат надоштани давлати ин кишвар ба мавриди иддаои ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо Русия аст.
Вай иддао кард, ки бахши умдаи мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия зиндагӣ мекунанд ва пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия низ дар ин ҷумҳурӣ барои дифоъ аз истиқлол ва тамомияти арзии ин кишвар дар баробари таҷовузи хориҷӣ мустақар шудааст.
Ин устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Урали Русия бо ишора ба дархостҳои мукарари давлати Тоҷикистон аз Русия барои эъзоми 5 ҳазор муаллими забони русӣ ба ин кишвар, бо ҳадафи беҳбуди омӯзиши забони русӣ аз як сӯ ва мамониат дар номгузорӣ ба сабки русӣ аз сӯйи дигар, ин сиёсатро дугонагӣ ва таноқуз дар иддао ва амалкарди мақомоти Душанбе дар қиболи Маскав унвон кардааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Вазорати хориҷаи Русия бо ибрози нороҳатӣ аз тағйири номи бархе кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон аз русӣ ба тоҷикӣ, ба назар гирифтани машварати собиқадорони ҷанг аз даврони Шӯравиро низ хостор шуда буд.
Аммо масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадафи иваз кардани номи кӯчаву хиёбонҳо аз байн бурдани фарҳанги Шӯравӣ нест ва сирфан бар асоси қонунҳои Тоҷикистон сурат мегирад.
Тағйири номи кучаву хиёбонҳо ва шаҳру навоҳӣ дар Тоҷикистон аз русиву туркӣ ба тоҷикӣ (форсӣ) аз 15 соли пеш оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.