Афзоиши қиммати ҳазинаи дарёфти иҷозатномаи кор дар Русия
Соли 2018 тақрибан ҳамаи минтақаҳои Русия нархи иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони хориҷиро боз боло бурдаанд.
Ба иттилои Ахбор, аз соли 2015 ҳар сол буҷаи Русия аз ҳисоби фақат фурӯши иҷозатномаи кор тақрибан 800 миллион доллар даромад ба даст меорад.
Аз ҷадвали нав бармеояд, ки имсол тақрибан ҳамаи минтақаҳои Русия нархи иҷозатномаи кори муҳоҷиронро ба миёнгини 1,6 фоиз боло бурдаанд.
Акнун камтарин мизони ҳазинаи иҷозатномаи кор дар шимоли Қафқоз 2 ҳазору 23 рубл ва дар манотиқи дорои маодин дар Сибири Русия 8 ҳазору 354 рубл аст, ки бояд ҳар моҳ пардохт гардад.
Коршиносон мегӯянд, афзоиши баҳои иҷозатномаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия бори сангине бар души коргарони тоҷик хоҳад гузошт, зеро дар се соли ахир ба далели идомаи буҳрони иқтисодӣ ва молӣ дар Русия дар паи таҳримҳои ғарб мизони маоши онон 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия болои як миллион нафар аст.