Фурӯши бахше аз амволи “Тоҷиксодиротбонк” барои бозпардохти қарзҳои молӣ
Мудирияти “Тоҷиксодиротбонк” бахше аз амвол ва дороиҳои худро барои бозпардохти қарзҳои молӣ ба созмонҳо ва шаҳрвандон дар 11 шаҳр ва навоҳии ин кишвар ба фурӯш гузошт.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷиксодиротбонк”, ин амвол шомили дафтарҳо, марокизи тиҷорӣ ва дорухонаҳо мешавад, ки қарор аст барои бозпардохти қарзҳои молӣ ва тасвияҳисоб бо муштариён ба фурӯш бирасад.
Пеш аз ин ҳам дар феҳристи амволи бонки содирот сохтмони марказӣ ва 43 бинои дафтари намояндагӣ, бозори бузурги мавсум ба “Ашан” дар шаҳри Душанбе, 8 манзили маскунии 9 табақаӣ дар ноҳияи Данғара, корхонаҳои нассоҷӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Данғара, чанд корхонаи пахтатозакунӣ дар вилояти Хатлон ва корхонаи таъмири худравҳо буд.
Ҳамчунин қаблан мудирияти ин бонк эълом карда буд, ҳазинаи молии марбут ба маоши кормандон, иҷораи сохтмонҳо ва молиётро коҳиш медиҳад.
Ба далели авзои нобасомони молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии ин кишвар дар паёми солонаи худ дар авохири моҳи декабри соли 2017 ба парлумони ин ҷумҳурӣ, аз ҳукумат хоста буд, барои наҷоти ин ду маркази молӣ аз буҳрони феълӣ тадбирҳои фаврӣ биандешад.
Бо вуҷуди ин, ки бо тасвиби парлумони Тоҷикистон барои наҷоти ин ду бонк дар соли 2017 маблағи 490 миллион доллар авроқи баҳодор мунташир шуд, аммо ин ду маркази молӣ натавонистанд бо муштариёнашон тасвияҳисоб кунанд.
Акнун низ мушаххас нест, ки оё барои хариди амволи ба фурӯшгузоштаи “Тоҷиксодиротбонк” муштарӣ пайдо хоҳад шуд ё хайр. Зеро таҷрибаи фурӯши амволи ду бонки варшикастшудаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” низ нишон додааст, ки ба далели қимати болои ин дороиҳо, муштариён тамоюли чандоне ба хариди ин амвол надоранд.