Шарҳи мунтахаби латоифи Убайди Зоконӣ дар Тоҷикистон мунташир шуд
Шарҳи мунтахаби латоифи Убайди Зоконӣ аз сӯи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ – тоҷикӣ дар Тоҷикистон мунташир шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, дар ин китоб намунаҳое аз рисолаҳои Убайди Зоконӣ, ки барои синну соли навҷавонон ва донишомӯзони мадорис муносиб ба назар мерасанд, интихоб шудааст.
Матни латоиф ба ду хатти кириллӣ ва форсӣ аст ва ҳар ду сафҳа рӯбарӯи якдигар қарор гирифтаанд, ки ин навъ саҳифаороӣ имкони татбиқи ду хатт ва шинохти имлоии вожаҳоро барои донишомӯз фароҳам мекунад.
Ин китоби 160 сафҳаӣ, ба кӯшиши профессор Шарифмурод Исрофилниё, устоди Донишгоҳи давлати омӯзгории Садриддин Айнии Тоҷикистон ва зери назари Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ – тоҷикӣ таҳия ва мунташир шудааст.
Ин шашумин китоб аз маҷмӯаи шарҳи осори адабӣ ва 23-умин китобе аст, ки Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ - тоҷикии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, вобаста ба Бунёди “Саъдӣ”, онро пас аз бозгушоӣ дар соли 1394 ва барои шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ин кишвар, мунташир кардааст.
Осори Убайди Зоконӣ дар таърихи насри адабии форсӣ, аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор аст; Ба вижа латоифи ӯ, ки танзе аст дар ниҳояти эҷоз, дар миёни ақвоми форсизабон шӯҳрате камназир дорад.
Шарҳи мунтахаби ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Шарҳи мунтахаби «Гулистон»-и Саъдӣ», «Шарҳи ҳикояҳои мунтахаби «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ», «Шарҳи бист ғазали Ҳофизи Шерозӣ», «Шарҳи дебочаи «Шоҳнома» ва достони Рустаму Сӯҳроб» аз дигар осори мунташиршуда дар ин ҳавза аст.