Фатвои муфтии тоҷик: Таъсиси ҳизби сиёсии динӣ ҳаром аст
(last modified Thu, 18 Jan 2018 10:22:40 GMT )
Январ 18, 2018 15:22 Asia/Dushanbe
  • Фатвои муфтии тоҷик: Таъсиси ҳизби сиёсии динӣ ҳаром аст

Саидмукаррам Абдулқодирзода-муфтии Тоҷикистон дар мақолае бо истинод ба сураҳои Анфол ва Оли Имрони Қуръон таъсиси ҳизбҳои сиёсии диниро ҳаром хондааст.Ба ақидаи муфтӣ сиёсӣ сохтани дин ҳеҷгоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеоварад ва танҳо натиҷаи таъсиси ҳизбҳои дин, парокандагӣ аст.

Ба гузориши сайти Ахбор, Саидмукаррам Абдулқодирзода -раиси Шурои маркази исломии Тоҷикистон дар мақолае бо унвони "Хатари ҳизбҳои динӣ барои давлатдории миллӣ", ки рӯзи 17-уми январ дар сомонаи Кумитаи дин мунташир шуд навиштааст: Таҷрибаи фаолияти ҳизбҳои динӣ дар кишварҳои мухталиф нишон медиҳад, ки ҳеҷ пешрафте дар он мамолик ба шарофати он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наёмадааст. Баръакс миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳан хушунат ва тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи худ расида ва дар маҷмуъ монеъи рушди он давлатҳо шудааст.

Абдулқодирзода аз кишварҳое монанди Афғонистон, ки 40 сол даргири ҷанг аст ҳамчунин Либия, Судон, Ироқ, Сурия,Тунис ва Филиппинро ном бурда ва афзудааст: Омили асосии даргириҳои сиёсӣ дар ин кишварҳо муборизаи ҳизбҳои динӣ аст ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳанд афкори худро бар аксарияти умум таҳмил кунанд ба ин далел ки дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот ба қудрат даст намеёбанд пас ночор аз роҳи муборизаи ғайриқонунӣ бо ташкили табодулот ва шуришҳо мекӯшанд бар сари ҳокимият биёянд.

Муфтии Тоҷикистон муддаӣ шудааст, мехостанд монанди ҳамин сенарияро дар Тоҷикистон иҷро кунанд вале муваффақ нашуданд.

Вай бори дигар ба интиқод аз Ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ гуфт аз даҳаи 70 ба эътибори иқрори худи масъулини  ин ҳизби мамнуъа наҳзатиҳо мавзӯи бар сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишваре сирфан динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъд аз поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон ин ҳизб вориди парлумон шуд, аммо набуди имконияти расидан ба қудрат аз роҳи интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии ин гуруҳ бардошт. Охирин шонси наҳзатиҳо кудато буд, ки дар он ҳам шикаст хурданд. Аз ин ру метавон натиҷа гирифт, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ дар хусуси анҷоми кудато тавассути неруҳои ифротӣ дар Тоҷикистон амалӣ нашуд.