Пешниҳоди қуръакашӣ барои ҷазби коргарони муҳоҷири ҳирфаӣ ба Русия
Маркази тадвини сиёсати роҳбурдии Русия тарҳи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ин кишварро бо қуръакашӣ ва эътои корти сабз (Green Card), мушобеҳи барномаи амрикоӣ, ироа кардааст.
Ба гузориши сойти Маркази тадвини сиёсати роҳбурдии Русия, хонум Екатерина Деминтсева, устоди Мактаби олии иқтисодии Русия ва яке аз тадвинкунандагони ин тарҳ гуфтааст, ки бояд коргарони муҳоҷири ҳирфаӣ ва мутахассис ба Русия ҷазб шаванд ва вуруди онон низ осон гардад.
Аз дидгоҳи вай, ба ин манзур бояд низоми раводид ба ҳаққи кор ва даъватномаи корфармоёни Русия эъмол шавад, ки ба ҳамроҳи корти сабз муҷаввизи дарёфти ҳаққи иқоматро низ барои коргарони мутахассиси хориҷӣ, шомил мегардад.
То соли 2025 дар Русия коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷир ва донишҷӯёни хориҷӣ пешбини мешавад, ки ин мавзӯ ҷазби коргарони мутахассисро аз аҳамияти вежае бархӯрдор кардааст.
Дар гузориши Маркази тадвини сиёсати роҳбурдии Русия таъкид мешавад, ки дар ин кишвар дар соли 2017, дар муқоиса бо соли 2014 теъдоди коргарони муҳоҷир аз Узбакистон ва Тоҷикистон наздик ба 15 дарсад коҳиш ёфтааст.
Пеш аз ин 95 дарсад аз 10 то 12 миллион коргари муҳоҷири хориҷӣ дар Русияро шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил мекарданд, аммо эъмоли муқаррароти илзомии дарёфти муҷаввизи кор ва иқомат дар Русия, мӯҷиби коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар шудааст.
Пешбинӣ мешавад, дар оянда ин теъдод боз ҳам коҳиш ёбад.
Мақомоти вазорати кишвари Русия, теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикро дар қаламрави ин кишвар наздик ба як миллион нафар эълом кардаанд.