Феврал 01, 2018 09:52 Asia/Dushanbe
  • Дархости мамнуъ шудани фурӯши машруботи спиртӣ дар Бадахшони Тоҷикистон

Як гурӯҳ аз зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳурии ин кишвар, хостори он шуданд, ки ин вилоят минтақаи пок аз машруботи спиртӣ (алкулӣ) эълом шавад ва воридоти сигору танбоку низ ба он ҷо коҳиш ёбад.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин афрод бо ҷамъоварии имзо аз ҷонибдорони тарҳи мамнуияти интиқолу фурӯши машруботи спиртӣ, қасд доранд мақомоти ҳукумати марказии Тоҷикистон ва вилояти Бадахшонро ба пазириши ин пешниҳод тарғиб кунанд.

Музаффари Имомзод, яке аз фаъолони гурӯҳи ҷонибдори мамнуияти интиқолу фурӯши машруботи спиртӣ дар қаламрави вилояти Бадахшон гуфтааст, ки бо ҷамъоварии панҷ ҳазор имзо ба таври расмӣ дархости худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд фиристод.

 Ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз нобудии насли оянда, коҳиши теъдоди афроди муътод ба машруботи спиртӣ ва солим гардонидани муҳити зиндагии мардум дар вилояти Бадахшон эълом мешавад.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон бо интиқод аз вуҷуди фурӯшгоҳҳои зиёди машруботи спиртӣ дар ин минтақа гуфта буд, ки солона дар ин вилоят маблағи 200 миллион сомонӣ барои истеъмоли анвои ин машрубот ҳазина мешавад, дар ҳоле ки теъдоди ҷамъияти Бадахшон камтар аз 200 ҳазор нафар аст.

Вай муътақид аст, ки рушди масрафи машруботи алкулӣ дар вилояти Бадахшон жен (ген)-и насли ояндаи ин минтақаро дар хатари нобудӣ қарор медиҳад.

Дар даврони Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ низ вилояти Бадахшони Тоҷикистон яке аз манотиқи умдаи масрафкунанда машруботи спиртӣ дар қаламрави Шӯравӣ ба ҳисоб меомад.