Дидори раисони вилоятҳои Суғду Ботканд дар шаҳри Хуҷанд
Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар дидоре дар шаҳри Хуҷанд бар зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангии ин ду минтақаи ҳаммарз таъкид карданд.
Ба гузориши сайти қирғизии “Турмуш”, дар дидори Раҷаббой Аҳмадзода ва Абиш Холмирзоев, раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд, дар бораи барномаи ҳамкориҳои дуҷониба барои солҳои 2018 то 2020 баҳсу табодули назар шуд.
Қарор аст ин барнома дар сафари расмии Сооронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои аввал ва дувуми феврал имзо шавад.
Ҳамчунин ду тараф заминаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди тиҷорати байнимарзиро миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳоли ҳозир Қирғизистон яке аз масирҳои муҳими содироти мева, сабзиҷот ва хушкбори Тоҷикистон ба Қазоқистону Русия аст.
Ҳамчунин Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт, масолеҳи сохтмонӣ ва гандуми мавриди ниёзи хешро тавассути роҳҳои Қирғизистон ворид мекунад.
Аз сӯйи дигар, дар пайи ду даҳаи музокираи мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Ихтилофи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғду Ботканд, аз ҷумлаи мушкилоти ду кишвар дар роҳи дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеи марзӣ аст.