Донишманди тоҷики муқими Австралия муттаҳам ба ифротгароӣ шуд
(last modified Sat, 03 Feb 2018 09:16:18 GMT )
Феврал 03, 2018 14:16 Asia/Dushanbe
  • Донишманди тоҷики муқими Австралия муттаҳам ба ифротгароӣ шуд

Мақомоти Тоҷикистон Абдусалом Одиназода, донишманди тоҷики муқими Австралияро ба тундгароӣ муттаҳам кардаанд.

Расонаҳо хабар медиҳанд, доктор Абдусалом Одиназода, ки дар Донишгоҳи Австралияи ғарбӣ кору фаъолият дорад, ба хотири “даъват барои сарнагунии ҳукумат аз тариқи интернет” дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст.

 Як мақоми интизомии Тоҷикистон гуфтааст, Одиназода тайи ду соли гузашта аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғиби ифротгароӣ машғул будааст ва сокинони кишварро ба сарнагунии ҳукумати қонунӣ дар Тоҷикистон даъват мекунад.

Мақомҳои тоҷик мегӯянд, Абдусалом Одиназода тақрибан ду сол аст, ки бо интишори сӯҳбатҳои видеоӣ мардуми кишварро ба харобкорӣ даъват мекунад ва онҳо мақомҳои австралияиро низ дар ҷараёни амалкарди ӯ қарор додаанд.

Абдусалом Одиназода бо таъйиди ин хабар гуфтааст, Донишгоҳи Австралияи ғарбӣ аз Тоҷикистон номае ба ин мазмун дарёфт кардааст.

Одиназода аз 15 соли қабл дар Австралия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии ин кишварро низ дорад.

Вай соли 2015 барои кор ва зиндагӣ ба Тоҷикистон баргашт ва муддате ҳам дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон фаъолият кард, иммо моҳи майи соли 2016 аз тариқи Фейсбук эълом кард, ба иллати такмил набудани мадорикаш ӯро аз Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.

Одиназода мегӯяд, дар ду соли ахир воқеияти зиндагиро дарк карда ва ба Ислом рӯй оварда ва ҳадафаш тарғиби асли Ислом ва муттаҳид дидани мусалмонон будааст.

 Абдусалом Одиназода 50 сола ва мутаваллиди шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст, ки аз 16 солагӣ барои таҳсил ва кор аз кишвар хориҷ шуда ва ба гуфтаи худаш ҳеҷ гоҳ тобеияти Тоҷикистонро надоштааст.