Таъсиси ҷоизаи давлатии ҷадид дар Тоҷикистон
Раисҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои ҳукме таъсиси ҷоизаи давлатии ҷадид дар ин кишварро эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ҷоизаи давлатии ҷадид бо унвони “Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон” ба афроде эъто хоҳад шуд, ки дар рушди демократия, таҳкими сулҳу ҳамзистӣ ва дӯстӣ байни мардумон хадамоти арзишманде карда бошанд.
Ин ҷоиза шомили медали вижа ва маблағи 125 ҳазор сомонӣ (муодили 14 ҳазор доллар) хоҳад буд, ки дар чорчӯби қонуни “Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат”, ки Парлумони Тоҷикистон тасвиб карда, бунён ниҳода шудааст.
Бар асоси ин қонун, дар Тоҷикистон таъсиси музей, китобхона ва архиви раиси ҷумҳурии ин кишвар илзомӣ аст. Медали ин ҷоиза низ бо акси раисҷумҳурии Тоҷикистон тазйин шуда ва дорои рӯкаше аз тилло ва плотиниум аст.
Хабаргузории “Азия плюс” умедворӣ кардааст, ки ҷоизаи давлатии ҷадид дар Тоҷикистон ба афроде дар оянда эъто шавад, ки дар рушди демократияи воқеӣ дар ин кишвар хадамоти арзишманде карда бошанд.