Феврал 25, 2018 19:04 Asia/Dushanbe
  • Муноқишоти марзӣ меҳвари музокироти нахуствазирони Тоҷикистон ва Узбакистон

Нахуствазирони Узбакистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Фарғона нишасти муштараке дар мавриди ҳалли марзҳои мавриди муноқишаи 2 кишвар баргузор карданд.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Узбакистон ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар як нишасти муштарак ихтилофоти мавҷуди марзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин дидор ҳамчунин аъзои давлат, расои вазоратхонаҳо, идорот ва сохторҳои муътабари иқтисодии ду кишвар низ ҳузур доштанд.

Дар чаҳорчуби ин музокирот, руасои ҳайъатҳои дутараф ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Узбакистонро мавриди баррасӣ қарор дода ва бар азми кишварҳои мазкур ҷиҳати афзоиши ин ҳамкориҳо таъкид карданд.  

Тарафайн таъкид карданд, ки дар натиҷаи иродаи сиёсии руасои ҷумҳури 2 кишвар равобит дар сутуҳи олӣ ва боло ташдид, табодулоти муассир бо ҳайъатҳои давлатӣ барқарор, Нишасти комиссияҳои байнидавлатӣ ба таври муваффақиятомез баргузор, намоишгоҳҳои мутақобили колоҳои санъатӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ба таври самарбахш созмондеҳӣ шудааст.

Орифов ва Расулзода таъкид карданд: Таи як муддати кӯтоҳ тавонистанд дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ ба дастовардҳои қобили мулоҳизае даст ёбанд.