Мусодираи 113 ҳазор доллар пули нақди як тоҷик дар фурӯдгоҳи Краснодар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30535
Як мусофири парвози Душанбе - Краснодар дар фурӯдгоҳи Пашковскийро бо 113 ҳазору 700 доллар пули нақд боздошт карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 27, 2018 15:52 Asia/Dushanbe
  • Мусодираи 113 ҳазор доллар пули нақди як тоҷик дар фурӯдгоҳи Краснодар

Як мусофири парвози Душанбе - Краснодар дар фурӯдгоҳи Пашковскийро бо 113 ҳазору 700 доллар пули нақд боздошт карданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, тибқи қонунҳои Русия, ҳангоми убур аз марзи ин кишвар бояд маблағи беш аз 10 ҳазор долларро ҳатман ба гумрук эълом кард.

Дафтари матбуоти идораи гумруки Краснодари Русия хабар дод, як шаҳрванди Тоҷикистон дар парвози Душанбе - Краснодар бо худ 113 ҳазору 700 доллар пули нақд ба ҳамроҳ дошт ва саъй дошт, ки ин маблағи калонро аз роҳави сабз (коридори сабз) бидуни пур кардани эъломияи гумрукӣ ба Русия ворид кунад.

Баррасиҳои идораи гумруки Краснодар дар бораи ин талоши шаҳрванди Тоҷикистон барои ворид кардани беш аз 113 ҳазор доллар ба Русия идома дорад.

Тибқи қонунҳои Русия, афрод бояд ҳангоми интиқоли пули нақд аз ин кишвар ба хориҷ ё баракс барои тамоми маблағе, ки аз 10 ҳазор доллар бештар аст, расман эъломия пур карда, ба мақомоти гумрук нишон диҳанд.

Дар сурати интиқоли пул ба сурати махфӣ мақомот метавонанд маблағи бидуни эъломияи гумрукиро мусодира ва фарди қонуншиканро ҷарима кунанд.