Тоҷикистон хостори додани нафақаи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири худ дар Русия
Муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар Маскав беҳбуди авзои ҳуқуқӣ ва маишатии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русияро хостор шудааст.
Ба гузориши “Спутник”, Абдураҳмон Қодирӣ, ки барои ширкат дар нишасти омодагӣ ба баргузории иҷлоси байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон ба Маскав рафта буд, додани нафақаи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишвар ва коҳиши қимати ҳазинаи иҷозатномаи кор ва иқомати ин афродро хостор шудааст.
Вай таъкид кардааст, ки бояд дар нишасти байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, мавзӯоти додани нафақаи бознишастагӣ барои коргарони муҳоҷири тоҷик, коҳиши қимати ҳазина иҷозати кор ва иқомат, бимаи дармонии ин афрод ва афзоиши муддати ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия мавриди баррасӣ қарор гирад. Зеро мавзӯи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони Тоҷикистон ба Русия ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии ин афрод дар қаламрави ин кишвар аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Дар ин нишаст ҳамчунин намояндагони Вазорати омӯзиш ва улуми Русия аз натоиҷи фаъолияти 30 муаллими забони русӣ дар мактабҳои давлатии Тоҷикистон, ки бар асоси созишномаи дуҷониба эъзом шудаанд, ибрози қаноатмандӣ карданд. Мақомоти созмони ҳамкориҳои хориҷӣ ва Вазорати омӯзиш ва улуми Русия эълом кардаанд, ки дар соли таҳсилии ҷадид аз ин кишвар ба Тоҷикистон теъдоди бештаре аз муаллимони забони русӣ эъзом хоҳанд шуд.
Пас аз эъзоми гурӯҳи нахусти 30 нафарӣ аз муаллимони забони русӣ ба мактабҳои давлатии Тоҷикистон аз вилоятҳои мухталифи ин кишвар, дархости зиёде аз довталабони рафтан ба Тоҷикистон дарёфт шудааст.