Март 04, 2018 10:53 Asia/Dushanbe
  • Путин фармони эътои шаҳрвандии Русия ба 5 шаҳрванди Тоҷикистонро имзо кард

Раисиҷумҳури Русия бо имзои фармоне ба теъдоде аз дархосткунандагони шаҳрвандии ин кишвар ин мақомро эъто кард, ки дар байни онон 5 шаҳрванди Тоҷикистон низ мушоҳида мешаванд.

Ба гузориши сойти “Спутник”, ин афрод аз замоне, ки савганди вафодорӣ ба Русия ёд кунанд, мақоми тобеияти ин кишварро бадаст меоваранд.

Чанде қабл низ 50 сокини шаҳри Душанбе бо ширкат дар маросими савганди вафодорӣ ба Русия дар консулгарии ин кишвар дар пойтахти Тоҷикистон, муваффақ ба касби тобеияти ин кишвар шуданд. Игор Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон бо табрики дарёфти тобеияти кишвараш аз сӯи ин афрод аз онон хоста аст, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар рӯзи 18-уми моҳи марти соли ҷорӣ, ширкат кунанд. Аз сӯи дигар Константин Затулин, муовини кумитаи Думои давлатии Русия дар умури Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар се соли ахир бештарин дархостро барои касби тобеияти Русия, ироа додаанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар пайи дастури Владимир Путин бино бар осонсозии касби тобеияти Русия барои шаҳрвандони кишварҳои қаламрави Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд, шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз дигар шаҳрвандони ин кишварҳо аз ин барнома баҳра бурдаанд. Затулин гуфтааст, ки дар солҳои 2014 то 2017 беш аз ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд аз қонуни осонсозии касби тобеияти Русия истифода кардаанд, ки 63 дарсади онон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Бар асоси омори расмӣ, тайи беш аз ду даҳаи гузашта, илова бар як миллион нафар аз русзабононе, ки аз Тоҷикистон ба Русия кӯч карда ва тобеияти гирифтаанд, беш аз 300 ҳазор тан аз тоҷикҳо низ муваффақ ба касби ин мавқеият шудаанд.