Барқарории дубораи парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Sun, 11 Mar 2018 06:43:42 GMT )
Март 11, 2018 11:43 Asia/Dushanbe
  • Барқарории дубораи парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон эълом карданд, парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя, дубора барқарор хоҳад шуд.

Ба гузориши сойти “Ca-News”, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев гуфтаанд, дар бораи азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба тавофуқ расидаанд ва вазоратҳои ҳамлу нақли ду кишвар, ҷадвали парвозҳоро омода  хоҳанд кард.

Парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Душанбе ва Тошканд, Душанбе ва Самарқанд, Бохтар ва Бухоро ва Бохтар ва Фарғона дар моҳи майи соли 1992 ба таври якҷониба аз сӯи давлати Узбакистон ба баҳонаи оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон қатъ шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки то соли 1992 ҳамарӯза миёни ду кишвар 10 парвоз анҷом мешуд, вале пас аз он то соли 2017 иртиботи хатҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон қатъ буд.

Танҳо дар соли 2017 парвозҳои ҳафтаӣ миёни Душанбе ва Тошканд дубора барқарор шуд.

Ҳамзамон бо нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, 10 гузаргоҳи марзии баста шуда аз соли 2011, миёни ин ду кишвар бозгушоӣ ва заминаи сафари бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвар ба муддати як моҳ ба хоки якдигар, фароҳам шуд.