Март 17, 2018 10:39 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ношоистагии теъдоде аз мақомоти давлатии Тоҷикистон

Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълом кард, пас аз баррасии салоҳияти мақомоти давлатии ин кишвар 2 ҳазору 767 нафар нумра (баҳо)-и 3 гирифтанд ва 24 нафар низ ношоиста эълом шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, мақомоти ин ожонс гуфтаанд, ки бо ҳадафи амалӣ кардани барномаи роҳбурдии Тоҷикистон дар заминаи муқовимат алайҳи фасоди молӣ, салоҳияти кормандони идораҳои давлатии ин кишварро баррасӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон аз низоми баҳогузорӣ ё нумраи 5 дараҷаӣ истифода мешавад, ки бар ин асос нумраҳои 3 ва 2 ғайриқобили пазириш ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, 453 нафар аз мақомоти давлатӣ низ аз 5 то 15 сол аст, ки дар вазифаҳои худ фаъолият мекунанд ва замони иваз кардани онон аз муддатҳо қабл фаро расидааст.

Гуфта мешавад, ки аз соли 2013 салоҳияти 14 ҳазору 959 нафар аз мақомоти давлатӣ баррасӣ шудааст, ки дар ин миён 1 ҳазору 895 нафар ё беш аз 12 дарсад нумраи 5 касб кардаанд, ки муносиб бо вазифаи онон будааст.

Ҳамчунин 10 ҳазору 203 нафар ё беш аз 68 дарсади афроде, ки баҳои 4 гирифтаанд, фаъолияти онон миёна арзёбӣ мешавад.

Дар ин раванд 2 ҳазору 767 нафар аз мақомоти давлатӣ баҳои 3 гирифтаанд, ки афроди ноком дар расидан ба аҳдофи худ муаррифӣ шудаанд.

Дар ниҳоят 24 нафар аз мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон бо баҳои 2, афроди ношоиста шинохта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки созмони “Шаффофияти Байналмилалӣ” (Трансперенси Интернешнал) дар тозатарин гузориши худ Тоҷикистонро дар радифи 20 кишвари фасодзадатарини ҷаҳон қарор додааст, ки дар ҷойгоҳи 161 –уми ҷаҳонӣ қарор дорад ва дар муқоиса бо соли қабл аз он, 10 зина пойин рафтааст.