Шуҳрат Қудратов 26-уми август озод хоҳад шуд
Мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон эълом кардаанд, Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи зиндонӣ ва узви Ҳизби сотсиал-демократи ин кишвар дар таърихи 26-уми августи имсол бо поён ёфтани муддати маҳкумияташ озод хоҳад шуд.
Ба гузориши сайти “Тоp” TJ, Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон муддаӣ аст, муддати маҳкумияти Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи зиндонӣ бояд авоили соли ҷорӣ ба поён мерасид ва ӯ озод мешуд, зеро ин вакили мудофеи зиндонӣ мебоист шомили Қонуни афви умумӣ дар Тоҷикистон мешуд ва ҳукми се солу ҳашт моҳи маҳкумияташ дар авоили соли ҷорӣ ба поён мерасид.
Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ, раиси зиндонии Ҳизби "Тоҷикистони нав"-и сабти номнашуда аст, ки моҳи июли соли 2014 кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 Қудратовро ба 9 соли зиндон маҳкум кард, аммо ба далели эътирози вакили мудофеъ иттиҳоми қаллобии молӣ аз парвандаи ӯ ҳазф ва муддати маҳкумияташ ба 3,8 сол коҳиш ёфт.
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ва вакили мудофеи Шуҳрат Қудратов мегӯяд, муваккилаш бар асоси Қонуни афви умумӣ дар ин кишвар, ки ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли ин ҷумҳурӣ дар соли 2016 иҷроӣ шуд, мебоист озод мешуд. Ӯ мақомоти қазои Тоҷикистонро ба нодида гирифтани Қонуни афви умумии соли 2016 муттаҳам мекунад.