Даргирии ҳаводорони тоҷик дар Ёқутистони Русия (видео)
Дар ҷарёни мусобиқаи ушу-санда дар шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха-Ёқутистони Русия дар пайи пирӯзии як варзишгари тоҷик бар варзишгари маҳаллӣ байни мухлисони тоҷик ва тамошобинони маҳаллӣ занозанӣ сурат гирифт.
Ба иттилои ЯСИА, мухлисони маҳаллӣ, ки шуморашон ба маротиб бештар буд, мухлисони тоҷикро дар кунҷи толор танг карда, зери мушту лагат гирифтанд.
Георгий Балакшин, вазири варзиши Ёқутистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: "Баъди он ки варзишгар аз Тоҷикистон намояндаи Ёқутистонро шикаст дод, бархе мухлисон густохона рафтор карданд. Аммо вазъиятро зуд ором карданд ва ҷонибҳои муноқиша нисбат ба якдигар даъвое надоранд.
Моҳи июни соли 2017 низ дар як сохтмон дар шаҳри Якутск байни муҳоҷирони тоҷику ӯзбек занозании калон сурат гирифта буд. Дар пайи он занозанӣ пулис 110 нафарро аз ҳарду тараф боздошт кард ва ба зидди 5 гунаҳкори асосии муноқиша парванда кушод.
Дар ҷумҳурии Саха-Ёқутистон дар минтақаи иқлимаш сарди Сибири Русия, бино ба ҳисобҳо, то 3 ҳазор зодаи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.