Коҳиши муҳоҷирати коргарони тоҷикистонӣ ба Русия
Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди сафари афроди ҷӯёи кори тоҷик тайи се моҳи нахусти имсол ба Русия ва Қазоқистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ин муддат 109 ҳазору 53 нафар аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ барои кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд, ки се дарсад камтар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.
Аз ин теъдод 94 ҳазору 366 нафар мард ва 14 ҳазору 687 нафар низ зан ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки дар се моҳи нахусти соли қабл беш аз 112 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон рафта буданд.
Ҳамчунин беш аз 107 ҳазор нафар аз ин муҳоҷирон Русияро барои кор интихоб кардаанд, ки нишон медиҳад, тоҷикистониҳои ҷӯёи кор ҳамчунон Русияро аслитарин мақсади худ медонанд.
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин муддат ба Қазоқистон барои кор рафтаанд, беш аз ду ҳазор нафар унвон мешавад.
Аз сӯйи дигар, Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилаи Русия аз нақзи қонунҳои муҳоҷиратии Русия аз сӯйи 185 ҳазору 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон хабар додааст.
Коршиносон иллати аслии коҳиши теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русияро идомаи буҳрони молӣ дар ин кишвар унвон мекунанд, ки боиси коҳиши қобили мулоҳизаи арзиши рубли русӣ ва кам шудани мизони маош ва дастмуздҳои ин афрод шудааст.