Апрел 28, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Сайти Созмони коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия масдуд шуд

Дастрасӣ ба сомонаи Migrant.news.tj (Muhojir.news.tj) дар Русия қатъ шуд.

Ба иттилои Азия-Плюс, роскомнадзор дар қатори бисёре аз рӯйхати сомонаҳои дигар дастрасиро ба сомонаи Migrant.news.tj низ қатъ намуд.      

Қатъи дастрасӣ ба Telegram дар қаламрави Русия ба муқобилат зидди ширкатҳои бузургтарини технологияҳои иттилоотӣ (IT) табдил ёфт, ки ба мессенҷер мусоидат мекунанд.      

Дар мубориза зидди мессенҷери Telegram Роскомнадзор дастрасӣ ба 18 миллион сомонаҳои беруна (IP-адрес)-ҳоро, аз ҷумла ба Migrant.news.tj қатъ кард.       

Сомонаҳои ширкатҳои бзурги байнулмилалии интернетие чун Google, Amazon, Microsoft, мессенҷери Viber ва боз чандин дигар сомонаҳо дар ин саф қарор гирифтанд.

Чун хостинги Migrant.news.tj ва ҳимояи сомона тариқи сервисҳои Google амалӣ мегардад, сомонаи мо ҳам ба ин рӯйхат дохил шуд. Айни замон корбарони мо, ки муқими Русия мебошанд, ба сомона танҳо бо истифода аз анонимайзерҳо ва VPN-сервисҳо ворид шуда метавонанд.