Худкушии сарбози вазифаи суғдӣ пас аз фирор аз маҳалли хидмат
(last modified Thu, 03 May 2018 05:01:17 GMT )
Май 03, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Худкушии сарбози вазифаи суғдӣ пас аз фирор аз маҳалли хидмат

Сокини деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ Қушаев Хушрӯз, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекард, аз қисми ҳарбӣ фирор карда, рӯзи шанбеи 29 апрели соли равон, худро дар хонаашонба дор овехтааст. Сабаби қасди ҷони худ кардани ин сарбоз маълум нест.

Ба иттилои Ахбор, як сарбози вазорати дохила дар деҳаи Кум худкушӣ кардааст. Хушрӯз Кушаев аз қисми низомӣ фирор карда, дар хонаашон худро ба дор овехтааст.

Кормандони милитсияи ноҳия ба ҷойи ҳодиса рафта, ҷасадро ташхис карданд ва баъди ин ҷанозаи Хушрӯз Кушаевба хок супоридаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, асноди марбут ба марги ин сарбозро ба додситонии вилояти Суғд равон кардаанд. Нисбати ин қазия прокурори ҳарбии вилояти Суғд парванда боз кардааст ва тафтиш идома дорад.

То ҳол маълум нест, ки сабаби худкушии ин сарбоз чӣ аст ва чаро қасди ҷони ҷавони худ кардааст? Гуфта мешавад, бародари Хушрӯз низ дар ҳамон қисми ҳарбӣ хидмат мекард, вале ӯ дар бораи ягон мушкил доштанаш ба бародари худ низ чизе нагуфта, ногаҳон аз ҷои хидмат фирор кардааст. Барои сокинони деҳаи Кум ин ҳам муаммост, ки ӯ чигуна аз қисми ҳарбӣ фирор карда, худро то ба зодгоҳаш бирасонад? Сокинон мегӯянд, Хушрӯз рӯзи шанбе вақте худкушӣ кард, ки дар деҳаи Кум тӯйи раиси суди ноҳияи Айнӣ идома дошт.

Қаблан ҳам дар бораи чандин мавриди худкушии сарбозон дар қисмҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гузориш шуда буд.

Равоншиносон падидаи худкушӣ дар байни сарбозонро ба чанд омил, аз ҷумла мушкил будани хидмат ва зӯроварӣдар қисмҳои низомӣ рабт медиҳанд.

Қаблан Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмоне ки авзоъ дар қисмҳои низомӣ ва риояи ҳуқуқи сарбозон ва даъватшавандагонро назорат мекунад, гузориш дод, ки дар 3 соли охир дастикам 59 сарбоз дар қисмҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дучори хушунату бадрафторӣ ва шиканҷа шуда, 11 нафари онҳо аз шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.

Бисёре аз волидони тоҷик аз фиристодани фарзандони худ ба хидмати низомӣ истиҳола мекунанд ва аз ҷумла ба далели мавридҳои бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ.