Таъкиди Олмон бар тақвияти равобити фарҳангӣ бо Тоҷикистон
Май 05, 2018 14:16 Asia/Dushanbe
Сафири Олмон дар Душанбе дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон хостори тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар шуд.
Ба нақл аз Форс, Найтхарт Хёфер-Виссинг ва Шамсиддин Орумбекзода зимни баррасии равобити фарҳангӣ бо ниҳодҳои муртабит, хостори густариши фаъолиятҳо дар ин ҳавза шуданд.
Тарафайн ҳамчунин дар хусуси созмондеҳии барномаҳои муштараки фарҳангӣ бо ҷазби намояндагони фарҳангии ду кишвар гуфтугӯ карданд.