Май 06, 2018 19:25 Asia/Dushanbe
  • Ноамнӣ дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ барои Покистон ва Тоҷикистон

Вазирони дифои Покистон ва Тоҷикистон идомаи бесуботӣ ва ноамниҳо дар Афғонистонро таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти ду кишвар хонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хуррам Дастгирхон, вазири дифои Покистон дар дидор бо Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷики худ дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон гуфт: Ноамнӣ дар Афғонистон чолиши муштараки амниятӣ ва хатаре барои ду кишвар аст.

Вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор омодагии ин кишварро барои ҳамкорӣ бо Покистон дар чорчуби талошҳо барои рафъи чолишҳо ва буҳронҳои Афғонистон эълом кард.

 

Барчасп