Таҷаммуи 100 мошини боркаш дар марзи Тоҷикистон ва Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33894-Таҷаммуи_100_мошини_боркаш_дар_марзи_Тоҷикистон_ва_Чин
Дар гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва Чин дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон, ба беш аз 100 мошини боркаш ба далели доштани бори изофӣ, ки муҷиби афзоиши вазни ин мошинҳо шуда, иҷозатномаи вуруд ба Тоҷикистон дода нашудааст.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 10, 2018 05:12 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи 100 мошини боркаш дар марзи Тоҷикистон ва Чин

Дар гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва Чин дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон, ба беш аз 100 мошини боркаш ба далели доштани бори изофӣ, ки муҷиби афзоиши вазни ин мошинҳо шуда, иҷозатномаи вуруд ба Тоҷикистон дода нашудааст.  

Ба нақл аз Фарғона, мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд, мизони муҷози вазни мошинҳои боркаш дар ин гузаргоҳи муртафаи кӯҳистонӣ 10 тонна мебошад, аммо ронандагони ин васоили нақлия аз 40 то 80 тонна бор задаанд ва наметавонанд вориди қаламрави ин кишвар шаванд.

Ба далели сангин будани бори мошинҳои боркаш, роҳи миёни Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли тахриб шудан аст ва ронандагон бояд ба коҳиши вазни бор иқдом кунанд.

Ронандагон дар дохили қаламрави Чин, ки қавонини сахтгиронае вуҷуд дорад, наметавонанд то ин миқдор бор бизананд, бинобарин онон бо 3 мошини боркаш аз дохили қаламрави Чин, бори худро то марзи Тоҷикистон ҳамл мекунанд, сипас дар ин гузаргоҳи марзӣ дар як дастгоҳ мошин ҷосозӣ мекунанд. Ҳамин амр муҷиб шудааст, ки вазни бор 40 то 80 тонна шуда ва иҷозаи вуруд ба хоки Тоҷикистонро пайдо накунанд.

Акнун мақомоти Тоҷикистон ба мутаваққиф кардани вуруди ин мошинҳои боркаш ба дохили кишвар иқдом кардаанд, ки муҷиби таҷаммуи ин васоили нақлия дар гузаргоҳи марзии ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон шудааст.