Даромади 150-миллиондолларии Тоҷикистон аз иҷрои пружаи КАСА-1000
Иҷрои пружаи минтақаии КАСА-1000 солона беш аз 150 миллион доллар барои Тоҷикистон даромад дорад ва илова бар ин Душанбе аз транзити барқи Қирғизистон аз тариқи хоки худ даромад касб хоҳад кард.
Бинобар тавофуқоти бадастомада бар рӯйи пружаи КАСА-1000 қимати содиротии барқ 9.35 сент барои ҳар як киловатт соат таъйин шудааст.
Дар чорчуби ин пружа Тоҷикистон 70 дарсади барқи худро ба Покистон ва 30 дарсади дигарро ба Қирғизистон содир мекунад.
Аз тариқи КАСА-1000 то 5 миллиард киловатт соат барқи Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Покистон содир мешавад, ки саҳми содироти барқи Тоҷикистон 3 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад.
Бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои кунунии энержӣ, дар сурати афзоиши тақозои масрафкунандагон, Тоҷикистон имкони содироти ҳаҷми бештари барқ дар фасли тобистон ба хориҷро дорад.
Ин пружа барои Тоҷикистон бисёр лозим ва муҳим мебошад ва шабакаи энержии ин кишварро бо системи энержии кишварҳои дигар васл ва имкони содироти барқи изофии ин кишвар дар фасли тобистон, ки солона 5 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад, фароҳам мекунад.
Ҳазинаи кулли ин пружа беш аз як миллиард доллар баровард шуда, ки 314 миллион доллари он ба Тоҷикистон, 209 миллион доллар ба Қирғизистон, 354 миллион доллар ба Афғонистон ва 209 миллион ба Покистон муртабит аст.
Барои иҷрои бахши тоҷикии ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ 45 миллион доллар, Бонки бозсозӣ ва рушди Аврупо 110 миллион доллар, Бонки Рушди исломӣ 70 миллион доллар ихтисос медиҳанд.