Май 26, 2018 15:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, шаби гузашта шаҳрванди нуҳмиллионуми кишвар ба дунё омад.

Ба гузориши “Ахбор”, Шералӣ Раҳматуллоев, намояндаи Вазорати тандурустӣ гуфт, ин навзод байни соати ду то сеи нимашаб дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Албатта дар ин соат як навзоди духтар ва як писар ба дунё омадаанд ва ҳанӯз маълум нест, ки кадом як аз ин ду навзод зудтар таваллуд шудааст.

 Имрӯз, 26-уми май ҷамъияти Тоҷикистон расман ба 9 миллион нафар расид.

Шералӣ Раҳматуллоев, раиси бахши хидматрасонӣ ба модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷамъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, баъд аз соати 12-и шаб теъдоди таваллудшудагон баррасӣ ва маълум шуд, ки ин кӯдак байни соати ду то сеи нимашаб дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Шаҳрванди ҳаштмиллионуми Тоҷикистон як навзоди духтар буд, ки дар соли 2013 ба дунё омад ва ба дастури Эмомалӣ Раҳмон ба волидайни ӯ як хонаи дуҳуҷрагӣ ҳадя дода шуд.

 Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, ки ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллион нафар наздик шудааст ва ба зудӣ аз ин марз убур мекунад.