Зарфиятҳои бузург ва имконоти ночизи Тоҷикистон барои тавлиди мева
Коршиноси Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид (FAO) мӯътақид аст, имкони тавлиди анвои мева дар ҷануби Тоҷикистон дар тамоми фаслҳои сол вуҷуд дорад, вале амалӣ шудани ин барнома дар шароити феълӣ ғайримумкин аст.
Ба гузориши Спутник, Андрей Ермак гуфтааст, таҷриба нишон медиҳад ҳатто дар зимистон низ дар ҷануби Тоҷикистон имкони тавлиди меваҳои мухталиф дар шароити гулхонаӣ вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи вай неруи кори ин кишвар дар муқоиса бо Испания 10 то 15 баробар арзонтар ҳам ҳаст.
Ермак афзудааст, ҳатто зардолу дар авоили моҳи арел мерасад ва ангури зудрас низ дар вилояти Хатлон дар миёнаи баҳор арза мешавад.
Ӯ мӯътақид аст, феълан дар Тоҷикистон ба далоиле монанди беиттилоӣ аз вазъияти бозор, набуди фановариаҳои ҷадид, кофӣ набудани дониши мутахассисони кишоварзӣ, надоштани гулхонаҳои зиёд ва таъсисоти зерсохтӣ, наметавон аз зарфиятҳои бузурги тавлиди мева истифода кард.
Ҳамчунин қонунҳои сахт ва печидаи ҷазби сармоя ва молиёти сангин, сабаби бетаваҷҷуҳии бахши хусусии хориҷӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шудааст.
Аз нигоҳи ин коршиноси FAO, кишвари ҳамсоя (Узбакистон) акнун иқдом ба ислоҳи қонунҳо ва додани сабукиҳо ба бахши хусусӣ барои тавлиди мева карда ва Тоҷикистон ҳам бояд аз ин таҷриба истифода кунад.
Бо ин ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ содироти меваи ин кишвар ба Русия дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл шаш баробар афзоиш ёфтааст.