Афзоиши воридоти гандум ва коҳиши воридоти орд аз хориҷ ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 20 Jun 2018 04:35:45 GMT )
Июн 20, 2018 09:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши воридоти гандум ва коҳиши воридоти орд аз хориҷ ба Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз афзоиши воридоти гандум ва коҳиши воридоти орд ба ин кишвар дар панҷ моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тайи ин муддат воридоти орд ба Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 9 ҳазор тон коҳиш ва воридоти гандум 45 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.

Дар ин муддат аз хориҷи Тоҷикистон ва умдатан аз Қазоқистон 14 ҳазор тон орд ба маблағи беш аз се миллион доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 9 ҳазор тон камтар аст.

Ҳамчунин дар ин муддат аз хориҷи кишвар 405 ҳазор тон гандум ба маблағи беш аз 69 миллион доллар ворид шудааст.

Дар солҳои гузашта Тоҷикистон аз Қазоқистон бештар орд ворид мекард, аммо акнун ба далели арзон будани қимати гандум ва имкони орд кардани он дар корхонаҳои Тоҷикистон, талош мешавад, ки бештар гандум ворид шавад.

Панҷ сол қабл 360 ҳазор тон орд вориди Тоҷикистон мешуд, ки дар соли 2017 ин шохис ба 54 ҳазор тон расид.

Дар маҷмуъ дар соли 2017 Тоҷикистон аз хориҷи кишвар як миллиону 14 ҳазор тон гандум ба қимати ҳар тон 195 доллар ворид кардааст. Аммо қимати ҳар тон орди воридотӣ дар ҳамин сол ба 248 доллар расид.

Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тон аст, ки 50 дарсад аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ва бақия аз роҳи воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад.