Ибрози нигаронии раисҷумҳурии Тоҷикистон аз мушкили камбуди об
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35884-Ибрози_нигаронии_раисҷумҳурии_Тоҷикистон_аз_мушкили_камбуди_об
Конфронси байналмилалии “Об барои рушди пойдор 2018-2028" бо ибрози нигаронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони мизбони ин конфронс, аз мушкили камбуди об оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2018 08:50 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии раисҷумҳурии Тоҷикистон аз мушкили камбуди об

Конфронси байналмилалии “Об барои рушди пойдор 2018-2028" бо ибрози нигаронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони мизбони ин конфронс, аз мушкили камбуди об оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳия гуфт, ҳамакнун ҳудуди ду миллиард нафар аз сокинони ҷаҳон аз камбуди об ранҷ мебаранд ва беш аз 800 миллион нафар ба оби тоза дастрасӣ надоранд.

Конфронси байналмилалии “Об барои рушди пойдор 2018-2028” субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 20-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард ва то 22 –юми июн идома хоҳад дошт.

Раҳмон ҳушдор дод, агар тадбирҳои амалӣ барои ҳифзу густариши манобеи обӣ андешида нашавад то соли 2050 ҷаҳон бо буҳрони азими об мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Раисҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин зимни баёни иқдомоти ин кишвар дар ростои иҷрои барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи об, ба аҳамияти истифодаи дуруст аз захоири обии ин кишвар ишора кард.

Вай ёдовар шуд, танҳо кӯли “Сарез” қодир аст дастрасии кулли сокинони Осиёи Миёнаро ба оби тозаи ошомиданӣ фароҳам кунад.