Оғози размоиши нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 09 Jul 2018 14:30:35 GMT )
Июл 09, 2018 19:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон

Размоиши нерӯҳои Русия дар минтақаи низомии Лоҳур дар ҳумаи шаҳри Душанбеи пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳадаф аз размоиши шашрӯзаи нерӯҳои Русия, ки аз рӯзи душанбе бо ҳузури 3500 нерӯ дар минтақаи низомии Лоҳур оғоз шуд, афзоиши тавони размии низомиёни рус ҷиҳати дифоъ аз воҳидҳо ва таъсисоти низомии ин кишвар дар Тоҷикистон дар баробари ҳамалоти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ унвон шудааст.  

Пас аз шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ва интиқоли бархе аз ин гурӯҳҳо ба Афғонистон ва аз ҷумла ба манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон, таваҷҷуҳи нерӯҳои Русия ба баргузории размоишҳои зиддитеррористӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст.