Тағйироти нави кадрии давлати Тоҷикистон ва таъсиси як ниҳоди нав
Эмомалӣ Раҳмон, Илёс Идрисзодаро ба унвони раиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон , ки як ниҳоди навтаъсис дар кишвар аст интихоб кард.
Ба нақл аз Дафтари матбуотии раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон Илёс Идрисзодаро аз мақоми муовини раиси Ожонси мубориза бо фасод барканор ва вайро ба унвони раиси Хадамаи иҷрои Тоҷикистон таъин кард.
Бино бар иттилои манбаъ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Назар Аслам Тураро аз муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод карда шуд.
Дафтари матбуотии раиси ҷуҳмрур далели барканории Аслам Тураро машғул шудани вай ба кори дигаре эълом кардааст, аммо дар бораи симати нави вай иттилое дар даст нест.
Хадамоти иҷрои Тоҷикистон як ниҳоди навтаъсис дар кишвар аст, ки воҳидҳои кории судиҷрочиён таҳти тобеъияти ин ниҳод қарор гирифтааст.