830 донишҷуи тоҷик барои таҳсил ба хориҷ мераванд
(last modified Sun, 22 Jul 2018 03:26:02 GMT )
Июл 22, 2018 08:26 Asia/Dushanbe
  • 830 донишҷуи тоҷик барои таҳсил ба хориҷ мераванд

Бар асоси созишномаи байнидавлатии миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар оғози соли таҳсили нав дар моҳи сентябр, 830 донишҷуи тоҷик аз ҳисоби бурсия барои омӯзиши улуми мухталиф, ба донишгоҳҳои 6 кишвари хориҷӣ хоҳанд рафт.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик-ТА, Раҳматуллоҳ Мирбобоев муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, то аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ, ки оғози соли таҳсили нав дар ин кишвар аст, 830 донишҷуи тоҷик ба донишгоҳҳои 6 кишвари хориҷӣ мераванд.

Вай гуфт, бештарин донишҷуён дар донишгоҳҳои Русия пазириш шудаанд, ки теъдодашон 618 нафар аст ва бар асоси бурсия омӯзиш хоҳад дид. Ин донишҷуён аз сӯи устодони 26 донишгоҳи Русия дар Душанбе ва бар асоси натоиҷи озмуни вурудӣ гузиниш шудаанд, ки дар оғози соли таҳсилии ҷадид дар марказҳои омӯзишии ин кишвар машғул ба омӯзиш хоҳанд шуд.

Муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки барои соли таҳсили ҷадид, кишвари Чин 150 нафар, Қазоқистон 50 нафар, Қирғизистон 50 нафар, Украина 18 нафар ва Беларус 8 донишҷуи тоҷикро бар асоси бурсия дар донишгоҳҳои худ пазириш кардаанд.

 Ҳамчунин 5 ҳазор донишҷуи тоҷик бо пардохти шаҳрия ва ҳазинаи таҳсилӣ аз ҳисоби худ вориди донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шудаанд.