Ҳамос : Рӯҳияи муқовимат дар ҷони фарзандони фаластинӣ реша давонидааст
-
Ҳамос : Рӯҳияи муқовимат дар ҷони фарзандони фаластинӣ реша давонидааст
Порс тудей - Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар баёнияе амалиёти зидди саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтариро вокунишӣ ба ҷиноятҳои рӯзафзӯни режими саҳюнистӣ донист ва таъкид кард ки рӯҳияи муқовимат дар ҷони фарзандони фаластинӣ реша давонидааст .
Дар баёнияи Ҷунбиши Ҳамос дар хусӯси амалиёти қаҳрамононаи зидди саҳюнистии Салфит омадааст : Амалиёти қаҳрамононаи тирандозӣ ба самти худрави як шаҳракнишини саҳюнист дар наздикии шаҳри брўқин дар ғарби Салфит , вокуниши ба ҷиноятҳои рӯзафзӯни режими саҳюнистӣ ва таҷовузоти мудовими он алайҳи мардуми мо дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ва низ алайҳи усаро ва амокини муқаддаси мо аст . Ҳамос дар баёнияи худ афзӯд : Мо аз мардуми Каронаи бохтарӣ мехоҳем ки амалиёти алайҳи ишғолгарону гурӯҳҳои шаҳракнишинони саҳюнист анҷом диҳанд ва аз гузинаи муқовимату пойдорӣ ҳимоят кунанд .