Июл 25, 2018 08:40 Asia/Dushanbe
  • Оби кӯли “Сарез” бетаъсир дар рафъи буҳрони оби Ӯзбакистон

Мудири масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Пжӯҳишгоҳи Ҷомеаи Ҳамсуд дар Маскав муътақид аст, ҳатто фурӯши оби кӯли “Сарез” дар Тоҷикистон, ба рафъи буҳрони об дар Ӯзбакистон кумаке нахоҳад кард.

Ба гузориши “Спутник”, Андрей Грозин бо ишора ба ахбори зиддунақиз дар бораи тавофуқи мудирияти “Ориёнбонк”-и  Тоҷикистон бо ширкати чинии “Heaven Springs Dynasty Harvest Group”, дар бораи фурӯши оби кӯли “Сарез” ба хориҷи кишвар гуфтааст, ин иқдом ҳеҷ таъсири мустақиме барои рафъи буҳрони об дар Осиёи Марказӣ ва ба вижа Ӯзбакистон нахоҳад дошт.

Албатта, беҳтар буд, ки фурӯши оби кӯли “Сарез”-ро ширкати муштараки тоҷикистонӣ ва ӯзбакистонӣ бар ӯҳда мегирифт, ки ба нафъи Душанбе ва Тошканд ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ба ин далел, ки буҳрони камбуди об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташдид мешавад ва ҳамкории кишварҳои ин минтақа дар заминаи истифодаи беҳина аз захоири оби рӯдхонаҳои фаромарзие назири Омӯ ва Сир аз аҳамияти зиёде дар равобити панҷ ҷумҳурӣ бархурдор мебошад.

Ахиран ахбори зиддунақизе аз тавофуқи миёни “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон ва як ширкати чинӣ мабнӣ бар таъсиси корхонаи муштарак бо ҳадафи фурӯши оби кӯли “Сарез” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дур мунташир шудааст, ки мудирияти ин бонк бо интишори баёнияе ин мавзӯро такзиб кардааст.

Дар ин баёния таъкид мешавад, миёни “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон ва ширкати чинӣ созишномаи дуҷонибае имзо шудааст, ки марбут ба ҳамкорӣ дар заминаи мавзӯоти башардӯстона ва молӣ аст.

Тӯли кӯли “Сарез” 70 километр, умқи он 505 метр ва захоири оби пушти садди табиии он 70 километри мукааб аст, ки бар асари зилзилаи шадиди соли 1911 ва суқути қитъаи бузурге аз кӯҳ сари роҳи рӯди Мурғоб, дар умқи кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва дар баландии се ҳазору 263 метр аз сатҳи дарё падид омадааст.

Бархе донишмандони муҳити зист муътақиданд, дар сурати бурузи ҳодиса ва тахриби эҳтимолии садди кӯли “Сарез” бар асари зилзилаи шадид ва ҷорӣ шудани оби пушти он, зиндагии шаш миллион нафар аз сокинони Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.