ДИИШ - масъули ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37007-ДИИШ_масъули_ҳамлаи_террористӣ_дар_Тоҷикистон
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористии рӯзи якшанбе дар Тоҷикистонро ба уҳда гирифт.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Июл 31, 2018 04:16 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ - масъули ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористии рӯзи якшанбе дар Тоҷикистонро ба уҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, қатли рӯзи якшанбеи чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистонро аносири ин гурӯҳ анҷом додаанд.

Сомонаи “Ахбор” низ гузориш дод, “Site Intelligence Group” баёнияи ДИИШ-ро мунташир кардааст, ки дар он зимни иддаои ҳамлаи аъзои ин гурӯҳи террористӣ ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ҷануби Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишварҳои масеҳӣ ҳушдор дода, ки бо онҳо дар ҳар куҷои дунё ҳамин гуна бархӯрд хоҳад шуд.

Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфта буд, ин ҷаҳонгардонро ибтидо бо мошин зер карданд ва сипас бо аслиҳа ба қатл расониданд. Вазири кишвари Тоҷикистон гуфт, ду нафар аз ҷаҳонгардони ба қатлрасида амрикоӣ ва ду нафари дигар аз шаҳрвандони Швейдсария ва Нидерландия будаанд.

Ба гуфтаи пулиси Тоҷикистон, чаҳор тан аз муҳоҷимон, ки ҳамагӣ мусаллаҳ буданд, дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд ва як нафар аз онҳо ҳам боздошт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз боздошти се нафари дигар ба гумони ҳамдастӣ бо муҳоҷимон хабар додаанд.

Дар солҳои ахир теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайвастан ба террористҳои ДИИШ ба Ироқу Сурия сафар карда буданд, ки пас аз шикасти ин гурӯҳ ба кишварашон бозгаштанд ва ҳамакнун таҳдиди ҷиддӣ барои мардуми ин кишвар ба шумор мераванд.