Ҳушдори Русия ба шаҳрвандонаш барои сафар ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37110-Ҳушдори_Русия_ба_шаҳрвандонаш_барои_сафар_ба_Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Душанбе дар иттилоияе расмӣ ба шаҳрвандони худ тавсия кард, дар сафар ба Тоҷикистон эҳтиёт кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 04, 2018 09:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба шаҳрвандонаш барои сафар ба Тоҷикистон

Сафорати Русия дар Душанбе дар иттилоияе расмӣ ба шаҳрвандони худ тавсия кард, дар сафар ба Тоҷикистон эҳтиёт кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сафорати Русия дар ин иттилоия ба кушта шудани теъдоде аз ҷаҳонгардони хориҷӣ дар пайи як иқдоми террористӣ дар ҷануби Тоҷикистон ишора кардааст.

Русия хитоб ба шаҳрвандони ин кишвар, ки қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд хостааст, зимни сафар ба Тоҷикистон тамоми иқдомоти лозимро риоят ва аз сафар ба манотиқи камҷамъият ва дурдаст худдорӣ кунанд.

Дар пайи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ду дучархасавори амрикоӣ, як швейтсарӣ ва як нидерландӣ кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

Бо ин ҳол Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 31-уми июл дар пайи изҳороте дар ин хусус гуфт, ҳеҷ хатари мустақиме шаҳрвандони ин кишварро дар қаламрави Тоҷикистон таҳдид намекунад.