Чаҳор шарт барои таъмини рушди иқтисоди Тоҷикистон
Мудири маркази пажуҳишии “Иқтисоди дар ҳоли рушд” дар Русия муътақид аст, Тоҷикистон барои таъмини рушди иқтисоди худ бояд чаҳор мавзӯи муҳимро ҳаллу фасл кунад, то ба натоиҷи матлуб бирасад.
Ба гузориши “Спутник”, Никита Исоев бо ишора ба нигаронии мақомоти масъули иқтисодӣ дар Тоҷикистон мабнӣ бар қатъи фаъолияти 107 корхонаи саноатии мутааллиқ ба бахши хусусӣ тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишвар иҷрои чаҳор вазифаро барои хурӯҷ аз ин шароит илзомӣ донистааст. Ӯ муътақид аст, Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ ба ҳисоб меояд, ки шароити ин ҷумҳурӣ ба лиҳози набудани захоири фаровони манобеи энержӣ, монанди нафт ва газ бо Туркманистон ва Қазоқистон мутафовит аст. Аз ин рӯ, чаҳор роҳкор пеши рӯйи давлати Тоҷикистон барои таъмини рушди матлуби иқтисоди ин кишвар ва хурӯҷ аз буҳрони феълӣ вуҷуд дорад. Нахуст ин ки дар баҳси ҳамкориҳои иқтисодӣ бояд бештар бо Русия барои сохти корхонаҳои саноатии ҷадид ва сармоягузорӣ муштарак иқдом кунад. Дувум ин ки дар чорчӯби тарҳи минтақаии “Як камарбанд-як ҷода” аз тавони транзитӣ ва ҳамлу нақли масирҳои заминии худ истифода кунад. Нуктаи сеюм ин ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Узбакистон ҳамкориҳои наздики иқтисодӣ ва тиҷорӣ барқарор кунад. Чаҳорум бояд ба рушди ҳамаҷонибаи бахши хусусӣ кумак кунад, ки мутаассифона, ин талош мушоҳида намешавад ва бидуни ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон аз бахши хусусӣ таъмини рушди иқтисоди ин кишвар имконпазир нест.