Август 16, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон

Қариб 95%-и аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистонро воситаҳои ҷалбшуда ба эҳтиёҷоти ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, маблағи умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ба 2 млрд. 893 млн. доллар баробар шудааст.

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз оғози сол ба миқдори 14 млн. доллар афзуд. Аввали сол он 2 млрд. 879 млн. долларро ташкил медод, ки ба 40,3%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар буд.

Пардохти қарзи хориҷӣ нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 90,6 млн. доллар сурат гирифт.

Ҳамчунин эҳтимоли ҷалби сармоя аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ низ мавҷуд аст.

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ ба ин ниҳод беш аз 1,2 млрд. доллар қарздор аст. Қарзи ташааккулёфта дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин қарзҳои нисбатан зиёд назди Бонки ҷаҳонӣ (318 млн. доллар), Бонки рушди Осиё (278 млн. доллар) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ вуҷуд доранд.

Тоҷикистон аз Фонди Саудии рушд, Фонди рушди Кувейт, Фонди зиддибуҳронии ЕвразЭС, Фаронса, Олмон, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Фонди аврупоии сармоягузорӣ ва Фонди Абӯ-Дабӣ низ қарзҳои начандон зиёд дорад.