Сентябр 05, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Дархости Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз Туркманистон

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Ишқобод хостааст, ки барои ҳалли мушкили мутаваққиф шудани мошинҳои боркаш ва автобусҳои ин кишвар дар гузаргоҳҳои марзии Туркманистон мусоидат кунад.

Ба нақл аз Ка-Ниюз, дар паи тӯлонӣ шудани таваққуфи мошинҳои боркаш ва автобусҳои Тоҷикистон дар вурудии қаламрави Туркманистон, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин дархост аз мақомоти Ишқободро матраҳ кардааст.

10 рӯз аст, ки гумруки Туркманистон ба беш аз 100 мошини боркаш ва теъдоде автобусҳои харидоришуда аз Туркия, ки бояд бо гузар аз марзи Эрон аз қаламрави Туркманистон ба Узбакистон ва сипас ба Тоҷикистон бирасанд, иҷозаи вуруд намедиҳад.  

Акнун ин васоили нақлия пушти марзҳои Туркманистон дар дугузаргоҳи марзии муштарак бо Эрон яъне Лутфобод–Артик ва Сарахс–Чорҷуй маътал мондаанд ва мақомоти Ишқобод дар ин замина ҳеҷ тавзеҳе намедиҳанд.

Қаблан мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ронандагони гирифторшудаи пушти марзҳои Туркманистон хоста буданд, ки аз тариқи марзи Эрон ба Озарбойҷон ва сипас ба Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва аз онҷо ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд, аммо ин масир муҷиби тӯлонӣ шудани замони ҳаракат, афзоиши масрафи сӯхт ва дар натиҷа гаронии баҳои маҳсулот ва колоҳое хоҳад шуд, ки ин мошинҳои боркаш ҳамл мекунанд.

Бархе манобеъ ба нақл аз сафири Тоҷикистон дар Туркманистон навиштаанд, ки вай талош кардааст, бо мақомоти Ишқобод музокира кунад, то роҳҳалле барои ин мушкил пайдо шавад, аммо талошҳои ӯ то ба ҳол бидуни натиҷа будааст.