Сентябр 09, 2018 08:19 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ дар масири Душанбе - Тирмиз

Пас аз таваққуфи 25 сола бо ҳаракати нахустин автобуси мусофирбарӣ, миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Тирмизи маркази вилояти Сурхондарёи Узбакистон, заминаи рафту омади шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя фароҳам гардид.

Ба гузориши хабаргузории Азия Плюс, дар нишасти муштараки намояндагони ширкатҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Тирмиз пас аз 25 соли таваққуф, аз сар гирифта шавад ва нахустин сафари озмоишӣ дар ин масир, тавсути ширкати Тоҷикистонии “Азия Экспресс” анҷом шуд.

Ҳамчунин эълом гардид, ки ба наздикӣ ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанд ва Деҳнави Узбакистон оғоз хоҳад шуд. Мақомоти вазоратҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон дар аввалҳои соли ҷорӣ барои аз саргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни ин ду кишувар пас аз 25 соли таваққуф ба тавофуқ расиданд. Дар чорчӯби ин барнома, ҳаракати автобусҳо аз ҷониби Тоҷикистон ва Узбакистон дар масири Хуҷанд– Тошканд ва баръакс аз 15 моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардид.

Пас аз рӯи кор омадани давлати ҷадид дар Тошканд ба раёсати Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва рафъи ихтилофоти Душанбе ва Тошканд, парвози ҳавопаймоҳо, ҳаракати қаторҳо, автобусҳо ва токсиҳои мусофирбарӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя, аз сар гирифта шуд.