Шӯҳрат Қудратов: Дар хонаам ҳам оромиш надорам
Шӯҳрат Қудратов, адвокати шинохтаи тоҷик, ки рӯзи 24 август аз зиндон озод шуд, навиштааст, ки дар 18 рӯзе, ки аз раҳоияш гузашт, 6 маротиба мавриди тафтиши аснод қарор гирифтааст.
Ба иттилои Ахбор, ба зиддаш бо иттиҳоми итоат накардан ба амри корманди милиса протокол тартиб додаанд ва ба ӯ ҷарима ё то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад. "Ҳатто баъди озод шуданам маро ором намегузоранд. Ҳеҷ нафаҳмидам, ки аз ман чӣ мехоҳанд,” – навиштааст Шӯҳрат Қудратов.
Ин адвокати шинохта навишт, ки дар ин 18 рӯз 6 маротиба таҳти тафтиши аснод қарор гирифта, ин дафъа кормандони милиса нисбати ӯ ба далели гузаштани замони эътибори шиносномааш ва ҳам бар асоси моддаи 479-уми Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ бо иттиҳоми итоат накардан ба амри қонунии корманди милиса протокол тартиб додаанд. Бар асоси ин банди қонун ба Қудратов ё ҷарима ваё аз 5 то 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.
Шӯҳрат Қудратов менависад: "Ин давоми он чизест, ки соли 2014 гузашт. Чунки соли 2014 маро бо туҳмат зиндон карданд ва ҳоло, баъди 4 сол айни қазия рух дода истодааст. Ҳатто баъди озод шуданам маро ором намегузоранд. Ҳеҷ нафаҳмидам, ки аз ман чӣ мехоҳанд? Ҳаволаашонро ба Худо месупорам.”
Қудратов рӯзи 24 август, баъди беш аз 4 солу ду моҳ аз зиндон озод карда шуд. Ӯаз шумули маҳбусони сиёсие буд, ки ҳукми зиндонашон ҳамеша мояи интиқодҳо аз ҳукумати Тоҷикистон дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мешуд.
Шӯҳрат Қудратов моҳи июли соли 2014 вақте дастгир шуд, ки вакили мудофеи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкори маъруфи тоҷик буд.
Мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия Қудратовро ба қасди додани пора ба як додрас барои ҳалли парвандаи қаллобии Амиралӣ Суламаев ном сокини шаҳри Ваҳдат айбдор карданд. Аммо нозирони умур мӯътақид буданд, ки боздошт ва сипас ҳукми Қудратов маҳз ба пофишориҳояш дар парвандаи Зайд Саидов рабт дорад. ҳам зиндонӣ карданд.