Октябр 11, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сарони гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Бадахшон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) гуфтааст, гуруҳҳои ҷиноии фаъол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарчанд вонамуд мекунанд, ки гӯё ба ҳаёти осоишта баргаштаанд, вале дар асл ҳамчунон ба кирдори ҷиноии худ идома медиҳанд.

Ба нақл аз Спутник, КДАМ мегӯяд, дар 5 соли охир аз сокинони ВМКБ беш аз 1500 мил силоҳи оташфишон мусодира шуда, бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ 235 сокини ин вилоят ба ҷавобгарӣ кашонда шудаанд. Дар Бадахшон дар 5 сол беш аз 3 тонна маводи мухаддир мусодира шуда, ҳоло дар ин қаламрав 714 нашъаманд ва 619 гирифтори вируси норасоии масунияти бадан (СПИД) сабти ном шудаанд.

Бино ба гузориши КДАМ, дар 10 соли охир бар асари нашъамандӣ дар Бадахшон 196 нафар ва танҳо дар соли 2018 57 нафар ва вируси СПИД дар 10 сол -268 нафар ва дар соли ҷорӣ 12 нафар фавтидаанд.

Кумитаи амният мегӯяд, боиси ташвишу нигаронист, ки аз лиҳози ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва гардиши силоҳ ВМКБ дар Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар гузориш аз ҷумла омадааст, ки дар солҳои 2016-2017 дар Бадахшон чор ҳодисаи куштор бо истифода аз силоҳ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи кумитаи амният, имрӯзҳо дар Бадахшон ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ, ошкору пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддиру силоҳи оташфишон амал мекунад.

Кумитаи амният гуфтааст, то имрӯз аз аҳолии Бадахшон миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ гирифта шуд, "вале то ҳангӯз силоҳ дар дасти ашхоси алоҳида боқӣ мондааст. Дар ҳоле ки сокинони вилоят баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат шабу рӯз заҳмат мекашанд, саркардагону аъзои гуруҳҳои ҷиноятӣ виҷдону инсоф ва маърифати инсониро зери по карда, манфиатҳои шахсии худро боло донистаанд.”

"Дар як вақт гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ чунин вонамуд мекунанд, ки ба ҳаёти осоишта гузашта, дар доираи қонун зиндагӣ доранд. Вале далелҳо ин даъворо ботил месозад,” – гуфта мешавад дар идомаи гузориши КДАМ.