Боздошти пизишки бемористон бо 2100 сомонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38888-Боздошти_пизишки_бемористон_бо_2100_сомонӣ
Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон як пизишки маризиҳои гурдаро дар беморстони ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд ба иттиҳоми дарёфти маблағи 2100 сомонӣ «ҳаққи хидмат» боздошт кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 21, 2018 06:21 Asia/Dushanbe
  • Боздошти пизишки бемористон бо 2100 сомонӣ

Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон як пизишки маризиҳои гурдаро дар беморстони ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд ба иттиҳоми дарёфти маблағи 2100 сомонӣ «ҳаққи хидмат» боздошт кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин ниҳод эълом кардааст, Баҳром Қулов ба иттиҳоми дарёфти маблағи 2100 илова бар ҳазинаи пардохткарда бемор ба бемористон ба унвони ҳаққи хидмат боздошт шудааст.

Ин иқдоми пизишки боздоштшуда ба унвони тамаъҷӯӣ арзёбӣ мешавад, ки вай ҳаққ надорад дар сурати пардохти ҳазинаи дармони мариз дар бемористон, маблағи изофӣ таҳти ҳар унвоне дарёфт намояд.

Мутобиқи қонунҳои ҷиноии Тоҷикистон ин иқдом, муҷозот ва ҳатто ҳукми зиндонро дар пай хоҳад дошт.

Сомонаи Ахбор таъкид кардааст, ки дар баҳори соли ҷорӣ хонум Ҳилола Тағоева муовини мудири бемористони ноҳияи Панҷакент дар бахши таваллудхона ба иттиҳоми дарёфти ҳаққи хидмат аз як зан ба маблағи 4500 сомонӣ боздошт шуда буд. Аммо пас аз чанд муддат вай озод шуд ва ба маҳалли кораш бозгашт.

Ин дар ҳоле аст, ки 10 сол қабл ҳукумати Тоҷикистон бо содир кардани фармони вижае таҳти шумораи 600 тамоми марказҳои дармонии ин кишварро муваззаф карда буд, ки пас аз дарёфти ҳазинаи дармони маризон, дарсадеро ба пизишкон ба унвони подош пардохт кунанд.

Аммо коршиносон мӯътақиданд, ки бо гузашти 10 сол аз судури ин фармон ҳануз ҳам дарёфти ришва ва ҳазинаи изофӣ аз беморон дар марказҳои дармонии Тоҷикистон идома дорад.