Ирсоли парвандаи Бузургмеҳр Ёров ба Созмони Милали Муттаҳид
(last modified Sat, 27 Oct 2018 05:11:53 GMT )
Октябр 27, 2018 10:11 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи Бузургмеҳр Ёров ба Созмони Милали Муттаҳид

Чаҳор созмони ҳуқуқ башари байналмилалӣ (Freedom Now, Lawyers for Lawyers , Hogan Lovells US LLP ва Dla Piper UK LLP) бо ирсоли ёддоште ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, боздошт ва зиндонӣ кардани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ба 28 соли зиндон маҳкумшудаи тоҷикро беэҳтиромӣ ба қонун унвон карда, хостори озодии фаврии вай шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин созмонҳо бо зиндонии сиёсӣ хондани Бузургмеҳр Ёров, боздошти худсарона ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардани вайро нодида гирифтани тааҳҳудоти ҳуқуқи байналмилалӣ аз суйи қувваи адлияи Тоҷикистон унвон карда ва хостори расидагии коргурӯҳи вижаи СММ ба парвандаи ин вакили мудофеи саршиноси тоҷик шудаанд.

Дар ин ёддошт аз Бузургмеҳр Ёров ба унвони мудофеи хастагинопазири ҳуқуқии чеҳраҳои сиёсии мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон ном бурда мешавад, ки бояд фавран аз зиндон озод гардад.

Бузургмеҳр Ёров авохири сентябри соли 2015 ва пас аз он ки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Шӯрои сиёсии Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд.

Чанде баъд мақомоти амниятии Тоҷикистон алайҳи вай ба иттиҳоми ифротигарӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил доданд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро бар асоси ин иттиҳомот ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи шикояти намояндаи додситонӣ аз Бузургмеҳр Ёров, ба сабаби он чӣ тавҳин ба раисҷумҳури Тоҷикистон дар охирин ҷаласаи муҳокимааш эълом шуд, 3 соли дигар ба ҳукми 25 солаи ҳабси ӯ изофа кард.