Ноябр 01, 2018 18:06 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Русия барои афви муҳоҷирони кории тоҷик

Мақомоти парлумонии Русия дар сафар ба Тоҷикистон аз афви муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар хабар доданд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар шашумин нишасти байни парлумонии Русия ва Тоҷикистон аз иқдоми Маскав барои афви 122 ҳазор нафар муҳоҷири кории тоҷик дар соли 2017, ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Ба гуфтаи вай, ба далели ин ки замони афв фақат барои як моҳ (аз 24 март то 24 апрели соли 2017) дар назар гирифта шуда буд, тақрибан 70 ҳазор нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик муваффақ ба таҳия ва муаррифии асноди лозим ба ниҳодҳои марбутаи русӣ нашуданд. Бино бар ин ниёз ба афви муҷаддади муҳоҷирони кории тоҷик вуҷуд дорад.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз ин пешниҳод тарафи тоҷик ҳимоят кард ва қарор аст, дар ояндаи наздик барои теъдоди ёдшудаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки муртакиби қонуншиканиҳои кӯчак шудаанд, афв таҳаққуқ ёбад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ҳоли ҳозир 208 ҳазор нафар шаҳрванди ин кишвар дар феҳрасти сиёҳи Русия қарор дошта ва аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шудаанд.

Душанбе умедвор аст, ки дар мавриди 138 ҳазор нафар шаҳрванди ин кишвар низ Маскав тасмим ба афв хоҳад гирифт, зеро ин мавзӯъ дар протаколи шашумин нишасти байнипарлумонии ду кишвар мунъакис шудааст.

Қобили зикр аст, ки ниҳодҳои марбутаи Русия муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказиро натанҳо ба далели иртикоби ҷурмҳои сангин, балки барои мавориде назири адами пардохти пули телефон, ё ҳаққи об ва барқ, ироаи хадамот бидуни муҷаввиз ва ғайра низ барои муддати аз 3 то 5 сол ва дар бархе маворид, то 10 сол аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум мекунанд.

Бо ин ҳол 98 дарсад аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият мекунанд.