Ноябр 06, 2018 10:16 Asia/Dushanbe
  • Вуруди меваҳои хушки Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо ва Амрико

Маркази Ахбори Созмони милали муттаҳид аз вуруди меваҳои хушки ширкати тоҷикистонии Исфара-фуд (Isfara-food)-и вилояти Суғд ба бозорҳои Аврупо ва Амрико хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Созмон милали муттаҳид, 17 корхонаи тавлиди меваи хушки Тоҷикистон аз 20 корхонаи фаъол дар ин кишвар дар ноҳияи Исфара воқеъ шудааст, ки 93 дарсад аз қаламрави онро манотиқи кӯҳистонӣ ташкил мекунанд.

Акнун корхонаҳои ноҳияи Исфара, ки бо кумаки молӣ ва мушовираии Дафтари барномаи рушди Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо омӯзиши равишҳои бозорёбӣ муваффақ шудаанд, маҳсулоти худро ба кишварҳои аврупоӣ ва Амрико арза кунанд.

Густариши фаъолияти ин марказҳои тавлидии бахши хусусӣ сабаби корофаринӣ барои сокинони ноҳияи Исфара ва касби даромади муносиб мешавад ва иқлими кӯҳистонии ин минтақа ва обуҳавои мусоид низ заминаи афзоиши тавлиди маҳсулотро фароҳам месозад.

Маҷмӯи ин авомил сабаб гардид, ки бо тавлиди меваи хушки босифат ва ба вижа зардолу ва чормағз, ширкати Исфара-фуд хушкбори худро дар бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Канада ба фурӯш расонад.

Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид тасмим гирифтааст, ки ба кишоварзони ноҳияи Исфара дар оянда низ барои густариши масоҳати боғҳо, афзоиши тавлиди маҳсулот, сохти корхонаҳои нави коркарди мева бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта, кумакҳои молӣ ва фаннӣ ироа намояд.