Афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ва газ ба Тоҷикистон
(last modified Sun, 09 Dec 2018 05:11:40 GMT )
Декабр 09, 2018 10:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ва газ ба Тоҷикистон

Беш аз 362 ҳазор тон анвои маҳсулоти нафтӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 252 миллиону 800 ҳазор доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиш нишон медиҳад, ки 358 ҳазор тон маҳсулоти нафтӣ ба арзиши 210 миллиону 400 ҳазор доллар ворид шуда буд.

Бахши аслии фаровардаҳои нафтии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз ҳисоби воридот аз Русия таъмин мешавад.

Ҳамчунин аз Туркманистон ва Қазоқистон низ ба миқдори камтаре бензин ва солярка ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Аз сӯи дигар дар 9 моҳи соли равон, Тоҷикистон 316 ҳазор тон газ ба арзиши беш аз 147 миллион доллар ворид кардааст, ки Қазоқистон кишвар аслии содиркунандаи ин навъи сӯхт мебошад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки тайи давраи мушобеҳи соли қабл Тоҷикистон аз хориҷ 297 ҳазору 500 ҳазор тон газ ба арзиши 135 миллион доллар ворид карда буд.

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир 60 дарсад аз мошинҳои ин кишвар аз газ истфода мекунанд.

Аз сӯи дигар дар Тоҷикистон қимат як литр бензин ва солярка беш аз 8 сомонӣ ва як литр газ беш аз 4 сомонӣ мебошад.