Декабр 18, 2018 11:14 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи ҳифзи иқтисоди миллии Тоҷикистон аз таъсири буҳронҳои хориҷӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон тарҳи барномаи ҷадиди ҳифозат аз иқтисоди миллии кишварашро дар баробари буҳронҳои хориҷӣ имзо кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин барнома, ки аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, аз аввали январи соли 2019 иҷроӣ хоҳад шуд. Бар асоси ин барнома, тамоми вазорат ва идороти давлатӣ дар Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки ҳар се моҳ аз амалкарди хеш дар заминаи ҳифозат аз иқтисоди миллии ин кишвар дар баробари буҳронҳои хориҷӣ ба ҳукумат гузориш диҳанд. Ин барнома шомили мавориде назири ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати бензин ва гази моеъ, бозгардондани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, густариши муомилоти молии ғайринақдӣ ва коҳиши осебҳои ношӣ аз вобастагии иқтисоди ин ҷумҳурӣ ба фаъолияти коргарони муҳоҷир дар кишварҳои хориҷӣ мешавад. Ҳамчунин андешидани тадбирҳои таъсиргузор барои беҳбуди авзои молии корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла ширкатҳои арзиз, роҳи оҳан, “Барқ тоҷик” ва “Тоҷик эйр”, ки дар остонаи варшикаст шудан қарор доранд, аз дигар меҳварҳои барномаи ҷадиди ҳифозат аз иқтисоди миллии Тоҷикистон дар баробари буҳронҳои хориҷӣ унвон шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ қимати гази моеъ ва бензин дар Тоҷикистон се бор гарон шуд, ки мӯҷиби афзоиши нархи маводи ғизоӣ ва маҳсулот дар ин кишвар шуд.