Боздошти гурӯҳи дуздони мошинҳои олмонӣ ба Тоҷикистон дар Литва
(last modified Thu, 20 Dec 2018 04:52:17 GMT )
Декабр 20, 2018 09:52 Asia/Dushanbe
  • Боздошти гурӯҳи дуздони мошинҳои олмонӣ ба Тоҷикистон дар Литва

Мақомоти полиси Литва дар каронаи дарёи Балтика аз боздошти як гурӯҳ аз мошинҳои фаромиллии мошинҳои олмонӣ, ки ба мақсади Тоҷикистон мунтақил мешуд, хабар доданд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, ин мақомот гуфтаанд, ки теъдоди аъзои ин гурӯҳ 10 нафар аст, ки дар амалиёти муштараки полиси Олмон ва Литва ба иттиҳоми дуздии мошинҳои гаронқиммати “BMV”  ва “Mercedes-Benz “ ва интиқоли ин васоил ба Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, бар асоси дархости полиси Олмон 100 мошини дуздӣ аз кишварҳои аврупоиро, ки ба Душанбе мунтақил шуда буд, шиносоӣ ва мусодира кардаанд.

Ҳамчунин дар моҳи июни соли ҷорӣ 3 мошини дуздии гаронқиммат, ки аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба Душанбе мунтақил шуда буданд, шиносоӣ ва мусодира шуданд.  

Аз сӯи дигар, полиси нақлиёти Русия чанде қабл эълом кард, ки дар қаторе, ки бо маводи шуянда аз Литва ба мақсади Тоҷикистон ҳаракат мекард, 4 мошини шоссибаландро кашф кардааст, ки дуздӣ будааст.