“Тоҷик Эйр” - оё ба поёни қиссаи “Ҳазору як шаб” расидем?
“Тоҷик Эйр” ва баҳси хусусисозиву рақобат ва барномарезӣ барои нобудии санъати ҳавопаймоии давлатӣ
Ширкати ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон - “Тоҷик Эйр” даврони сахтеро паси сар мекунад. Вале суолҳои беҷавоби зиёде дар зеҳнҳо чарх мезанад, ки оё оғози даҳаи 2020 поёни султаи ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” дар Тоҷикистон хоҳад буд? Оё касе ба “Тоҷик Эйр” "чашм ало" кардааст ё ҳадафи монополия кардани санъати ҳавоии кишвариро дорад? Чаро имтиёзҳои давлатӣ “Тоҷик Эйр “ – ро аз вартаи буҳрон наҷот надод ва чаро баҳси хусусисозии “Тоҷик Эйр” тӯли солҳо ба ҷое нарасидааст? Ва оё бо шароити феълии бидеҳкорӣ, гаронии сӯхт, гаронии қимати билет ва коҳиши мусофирон “Тоҷик Эйр” дар майдони рақобати ҳавоии кишварӣ ва ҷаҳонӣ тоби истиқомат ва истодагиро дорад ё хайр? Хонандагони азиз, ин суолҳо дар зеҳнатон бошад, то ҳамроҳ муруре дошта бошем ба вазъи воқеии “Тоҷик Эйр” дар ин даврае ки мушкилоти фаровоне дунболагири ин ширкати ҳавоии давлатӣ аст.
Рақобати ҳавоӣ бо “Боинг” –и ҳамсинну соли ман?
Ибтидо тамаркуз мекунем ба хабари тозае дар бораи гарон шудани қимати билети ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки барои бисёриҳо чандон ҷадид ҳам нест ва дар гузашта низ қимати билети сафарҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сафарҳои ҳавоӣ дар кишварҳои ҳамсоя гаронтар буданд. Хабари нав ин аст, ки Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши 23 дарсадии қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон тайи соли ҷорӣ хабар додааст, ки аз ҳазору 300 сомонии қаблӣ то ба 1800 сомонӣ дар ҳоли ҳозир афзоиш ёфтааст. Аммо дар асл қиматҳои феълӣ болотар аз ин омор аст. Барои мисол, дар сайти фуруши билети ҳавопаймо, қимати билети имрӯз – 20 –уми декабри 2018- и ширкати "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Маскав аз 16, 5 ҳазор то 17 ҳазор рубл, муодили 2300 сомонӣ ва ё 250 доллар аст. Қимати билети “Тоҷик Эйр” беш аз 17 ҳазор рубл аст. Аммо ҳамин парвозро ширкати русии “Уралские авиалинии” аз Маскав ба Душанбе аз 13 ҳазор то 15 ҳазор, яъне аз 192 то 222 доллар анҷом медиҳад. Дар ҳамин ҳол ширкати ҳавопаймоии Ӯзбакистон ба тозагӣ тахфифи вижае барои парвоз аз шаҳрҳои бузурги Ӯзбакистон, монанди Самарқанд, Бухоро ва Тошканд ба Маскав пешниҳод кард, ки қимати билет 100 евро аст ва дар сурати рафту баргашт 175 евроро ташкил хоҳад дод. Билети масири Бишкек ба Маскав низ 110 доллар қимат дорад. Ҳамчунин аз Душанбе ба Истанбул метавон бо пардохти 400 доллар билет таҳия кард, ки ин қимат дар Бишкек 240 доллар аст. Бо чунин қиматгузорӣ ва бо «Боинг»-и ҳамсинну соли ман, яъне болои сӣ сол, «Тоҷик Эйр» мехоҳад бо ширкатҳои ҳавоии Осиё Марказӣ рақобат кунад? Марҳамат, майдон аз далер аст!
Мусофирон ба “Тоҷик Эйр”: Сари зулфи ту нашуд, сари зулфи дигаре
Ватан то он замоне модар аст, ки аз фарзанди бепаноҳаш муроқибат кунад, вагарна фарзанд ҳам роҳи худро аз модар ҷудо мекунад. Ин гуфта ба аксари касон ва бахшҳо сидқ мекунад, ба вижа дар бораи “рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон”, яъне рӯ ба хадамоти арзони ҳавоии кишварҳои ҳамсоя овардани мусофирони собиқи “Тоҷик Эйр”.
Ба қавли Азиз Набизода, муовини раиси Ожонси ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, дар шароити кунунӣ рақобат хеле сахт шудааст. Вай гуфт, ки тайи соли ҷорӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ин ҷумҳурӣ теъдоди зиёде аз мусофирони худро ба далели гаронии қимати билет аз даст додаанд. Зеро сокинони водии Зарафшон бо боз шудани роҳи Узбакистон, акнун аз шаҳри Самарқанд ба Русия парвоз мекунанд, ки нисфи қимати билети ҳавопаймо дар Душанбе аст. Ҳамчунин сокинони навоҳии ҳаммарзи вилояти Суғд тарҷеҳ медиҳанд, ки аз шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Ботканди кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба Русия парвоз кунанд, ки ба маротиб арзонтар аст. Оқои Набизода сабаби гарон шудани қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон дар соли ҷориро нархи сӯхт эълом кардааст, ки дар Тоҷикистон дар муқоиса бо 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ ду баробар бештар аст. Қаблан қимати як тон сӯхти ҳавопаймо 1120 доллар буд ва ҳоло ба 1500 доллар наздик шудааст. Аз сӯйи дигар, ҳазинаи болои таъмир, муоина ва хадамоти фаннии ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар хориҷ низ муҷиби афзоиши қимати билет шудааст.
Нақшаҳо нақш бар об?
Албатта, раҳбарияти “Тоҷик Эйр” барои соли рушди гардишгарӣ барномаҳои хушбинонае дар назар дошт ва мехост бо хариди ҳавопаймоҳои нав ва тахфифи вижа дар бахши сайёҳӣ, гардишгарони зиёдеро муштарии худ созад ва бо дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ қарор додани теъдоде аз иҷозатномаҳои парвозие, ки 70 кишварро фаро мегирад ва танҳо 14 масир аз онро истифода мекунад, ширкатро аз буҳрон бираҳонад. Вале зоҳиран соли рушди гардишгарӣ соли “нақшаҳо нақш бар об” барои ҳайати “Тоҷик Эйр” шудааст.
Дар ҳамин ҳол, интиқоди тунди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ахиран бо ҳайати ҳукуматӣ аз фаъолияти молии ғайришаффофи ширкати “Тоҷик Эйр” дошт, наметавон нодида гирифт. Баррасии қимати воқеии санади хариди ҳавопаймои “Боинг 767 -332”, соли тавлидаш 1987, ки қаблан дар ихтиёри ширкати амрикоӣ ва сипас ниҷерияӣ қарор дошт, мавзӯи аслии интиқоди раисҷумҳур аст. Ҳамчунин таъхири семоҳа дар пардохти маоши коргарони “Тоҷик Эйр”, қарздорӣ аз ҳаққи истифодаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва напардохтани ҳаққи ширкати сӯхтрасон аз мушкилоти дигари “Тоҷик Эйр” ном бурда мешавад. Қарзи умумии “Тоҷик Эйр” ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бар асоси гузоришҳои ахир 94 миллион сомонӣ, наздик ба 10 миллион доллар аст. Ин дар ҳолест, ки пас аз хариди ҳавопаймои "Боинг767 -332" дар соли 2016, баҳси кормандони “Тоҷик Эйр” бо Хайруллоҳ Раҳимов, раиси ширкат рӯ зад. Кормандон дар номаи шикоятӣ гуфтанд, ки ҳавопаймои мазкур пас аз харидорӣ шудан аз кор уфтод ва барои таъмири он 3 миллион доллар харҷ шуд, ки раис барои хориҷ шудан аз буҳрони мавҷуд ва сарфаҷӯӣ, маоши кормандонро мехост кам кунад. Ин боиси нороҳатии онон шуд ва ба раисҷумҳур шикоят бурданд. Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2013 низ хостори ислоҳи вазъи буҳронии “Тоҷик Эйр” шуда буд.
Мавзӯи сӯхтро ҷанобашон агар метавонанд ҳал кунанд!
Соли гузашта Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон низ аз фаъолияти “Тоҷик Эйр” интиқод кард ва гуфт, ки мусофирон аз пойин будани кайфияти хадамот, ғизоҳои номарғуб ва таъхир дар парвозҳои ин ширкат ба шиддат шокӣ ҳастанд. Зуҳуров ҳамчунин гуфт, дар ду соли ахир масъулони ширкати “Тоҷик – Эйр” натавонистаанд мавзӯи захирасозии сӯхти кофӣ барои парвозро ҳал кунанд ва халабонон маҷбур мешаванд дар нимароҳ барои сӯхтгирӣ дар шаҳрҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон фуруд оянд, ки замони парвоз ду баробар мешавад. Хайруллоҳ Раҳимов, раиси ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” роҳи бурунрафт аз мушкили сухтгириро харидории ҳавопаймоҳои ҷадиду бузургтар бо имкони захираи бештари сӯхт номида гуфт: Садо
Хайруллоҳ Раҳимов, раиси ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба мушкилоти молии он эътироф карда, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ин ширкат танҳо се ҳавопаймои солим дар ихтиёр дорад ва мекӯшад, ки дар оянда теъдоде ҳавопаймои нав харидорӣ кунад. Вай мегӯяд, ки сабаби асосии нобасомонӣ дар фаъолияти ин ширкат гарон будани қимати сӯхт, набуди тахфиф дар хадамоти фурудгоҳӣ ва вуҷуд надоштани рақобати солим дар ироаи хадамоти ҳавоӣ аст. Пас агар худи ҷаноби Ш. Зуҳуров метавонанд, масъалаи сӯхтро ҳал кунанд, ки ин хидмат ба санъати ҳавоии кишвар аст.
Асрори “Ғӯлҳои пинҳон”-и “кӯҳи Қоф” –ро на ту дониву на ман!
Сарнавишти хусусисозии ин ширкати ҳавопаймоӣ поёни қиссаи “Ҳазору як шаб”-ро мемонад. Ҳанӯз аз соли 2011 замзамаи хусусисозии Тоҷик Эйр дар долонҳои ҳукуматӣ шунида мешуд, вале мисли қиссаи "Ҳазору як шаб" гӯё тамом шуданӣ нест. Аслан мушкили молӣ ва бидеҳкории “Тоҷик Эйр” дар соли 2009, пас аз ҷудо шудани Фурудгоҳи Душанбе ва Ожонси сухтрасон аз тобеияти он ба вуҷуд омад. Аз он замон то кунун ҳарфи хусусисозии он ва замзамаҳои “чашм ало кардан”-и “ғӯлҳои пинҳон” дар “кӯҳи Қоф”-и баданаи ҳукумат ё афроди наздик ба мансабдорон ба гӯш мерасад. Аммо чӣ тавре молики “IRS”- ширкати пулчинаки роҳи Душанбе – Хуҷандро то ҳанӯз мову шумо намешиносем, асрори “ғӯлҳои пинҳон”-и “кӯҳи Қоф” –ро ҳам на ту дониву на ман!
Калид дар дасти дигарону мо мехоҳем дарро боз кунем?
Теъдоде аз коршиносон ҳам ба мақомот идея медиҳанд, ки ягона роҳи наҷоти “Тоҷик Эйр” хусусӣ кардани он аст. Барномаи хусусисозии ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” барои солҳои 2018 – 2023 тасвиб шудааст ва ҳадаф аз он наҷоти ин ширкат аз буҳрон бар асоси саҳҳомӣ кардани он аст, ки феълан саҳми он сад дарсад дар ихтиёри давлат аст. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мушкили “Тоҷик Эйр” давлатӣ ё хусусӣ будани он нест, балки мушкили гаронии сӯхт, адами шароити баробари рақобат бо ширкатҳои хориҷӣ ҳатто дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ҳавопаймоҳои куҳнаву фарсуда ва набуди сармоя барои хариди ҳавопаймоҳои ҷадид аст. Ду ширкати Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр танҳо 10 ҳавопаймо дар ихтиёр доранд. Аммо мушкили аслӣ қимати сӯхт аст, ки Тоҷикистон онро дар ихтиёр надорад ва Русия низ ба хотири ҳимояти ширкатҳои ҳавоии русӣ ба онҳо тахфиф медиҳад, вале барои ширкатҳои тоҷикӣ болотарин қиматро мегузорад, ки ин инони рақобатро ба дасти ширкатҳои русии фаъол дар масири Тоҷикистону Русия қарор медиҳад. Яъне калиди аслии рақобат дар дасти сӯхтрасонҳост, аммо мо умед дорем, ки бо хусусӣ кардани ширкати “Тоҷик Эйр” дарҳо ба рӯйи мо боз мешаванд.
Хайруллоҳ Раҳимов мегӯяд, ки хароҷоти сӯхт дар санъати ҳавоӣ на бештар аз 28 дарсадро бояд ташкил диҳад, аммо хароҷоти сӯхт барои “Тоҷик Эйр”, бо вуҷуди истифода аз мазиятҳои мавҷуди давлатӣ баробар ба 36 дарсад аст.
Маззаи рақобатро аз “Сомон Эйр” пурсед, ки бо “Ямал” чашид
Ҳоло ширкати ҳавопаймоии хусусии “Сомон Эйр” бо вуҷуди доштани ҳомии пулдор ва тоҷири бузурге мисли Ҳасан Асадуллоҳзода оё метавонад мушкили қимати сӯхтро ҳал кунад? Ба назарам, агар метавонист, ниёзе ба пересадка ё нишастан ба Тирози Қазоқистон ва дигар шаҳрро барои сӯхтгирӣ намемонд. Ин сӯхтгириҳо ҳам вақти мусофиронро мегирад ва ҳавопаймо бо таъхир ба мақсад мерасад, ҳам нишон аз рақобати нобаробари онҳо бо ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ аст, ки маҷбуранд сӯхт захира кунанд то дар рафту баргашт мушкиле пеш наояд. Ин омили рақобаткуш домангири ду ширкати ҳавопаймоии хусусӣ ва давлатии Тоҷикистон аст ва нишон медиҳад, ки хусусисозии “Тоҷик Эйр” ҳам мушкили гаронии сӯхт ва рақобатмандиро ҳал намекунад, ки амалан буҳрон баъди хусусисозӣ, боз ҳам аз “Тоҷик Эйр” дастбардор нест.
Ин ки ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” тавониста марҳилаи буҳрониро то андозае ором паси сар кунад, марбут ба заминаи молии он ширкат ва дороии моликаш аст, ки дар гузашта тавонист ҳавопаймоҳои ҷадид бихарад ва вазъи ширкат беҳбуд ёбад. Вале ба бовари таҳлилгарон, агар “Тоҷик Эйр” ба ҳар далеле ба “Сомон Эйр” вобаста шавад, вазъи гаронии билет тағйир нахоҳад кард ва шояд ҳам монополияи ҳавоӣ ҷорӣ шавад, ки ба афзоиши шикоёти мусофирони фоқиди “гӯши шунаванда” бадал хоҳад шуд. Ширкати хусусии “Сомон Эйр” буд, ки гирифтори моҷарои моликони Жуковский ва ширкати “Ямал”-и русӣ шуд ва маззаи “рақобати солим” –ро чашид ва ҳар фарди дигаре ё ширкати хусусие ҳам дар оянда молики “Тоҷик Эйр” бишавад, дар панҷаи ин ғӯлҳои рақобаткуши русӣ нарм хоҳад шуд ва аз рақобати солим хабаре нахоҳад буд. Фарқе надорад: хусусӣ ё давлатӣ!
“Харбуза аз харбуза ранг бигирад...”
Иддае аз таҳлилгарон мегӯянд, агар бихоҳем, ки санъати ҳавоии кишвар на дар ихтиёри ашхос, балки дар ихтиёри давлат бошад, бояд роҳи наҷоти “Тоҷик Эйр” –ро дар имтиёзоти давлатӣ, ба вижа дар ҳалли мушкили сӯхтрасонӣ, хариди ҳавопаймоҳои ҷадид ва тахфифи фурудгоҳии ватанӣ ҷӯем. Ё ин ки бо санъати ҳавопаймоӣ худоҳофизӣ кунем ва мисли ширкати ҳавопаймоии давлатии Қирғизистон як ҳавопаймо дар ихтиёр дошта бошему кулли фурудгоҳҳо ва парвозҳои дохиливу хориҷиро дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ қарор диҳем то мусофирон бо хадамоти арзон ва бокайфият сафар кунанду нигарони мушкили молӣ ва буҳронҳо ҳам набошанд. Бе ин ҳам беш аз 50 дарсади парвозҳо дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ аст. Он 60 – 70 миллион доллар даромади солонае ки “Тоҷик Эйр” дорад, агар мудирияти дуруст сурат бигирад, аз ҳисоби ташкили корхонаҳои нав ва ё роҳҳои дигар ҳам метавон ба буҷаи давлат ворез кард. Чунки зоҳиран тахфифи давлатии гумрукӣ дар ҳадди 50 дарсадӣ барои ворид кардани ҳавопаймои ҷадид, тахфифи фурудгоҳӣ ва тахфифи сӯхтрасонӣ кумаке барои “Тоҷик Эйр” дар раҳоӣ аз буҳрони мавҷуд накардааст. Ба суоли ин ки чаро имтиёзҳои давлатӣ ин корхонаро натавониста аз буҳрон наҷот бидиҳад, коршиносони санъати ҳавоӣ мегӯянд, ки имтиёзҳо кофӣ нестанд ва барои наҷот аз буҳрон ниёз ба харидории якчанд ҳавпаймои калонҳаҷми ҷадид ҳаст, ки ин на дар тавони буҷаи давлат ва на дар тавони буҷаи ширкат аст.
Аммо ин нуктаро ҳам бояд дар назар дошт, ки ширкатҳои хориҷӣ ин бахшро инҳисорӣ накунанд, вагарна аз билети арзон ва хадамоти бокайфият хабаре нест. Боз ҳам монополия мешавад, аммо агар қаблан ба дасти худӣ буд, ин дафъа ба дасти бегона.
Хулоса ин баҳс ба ин зудиҳо тамом шуданӣ нест ва ҳанӯз то соли 2023 қиссаи “Ҳазору як шаб”- и “Тоҷик Эйр” идома хоҳад дошт. Мо ҳам аз ҳоло бовар кардем, ки пас аз соли 2023 дигар қисса ба поён мерасад.
Ба “гуфтаи мардак” - ҳоло –ҳолоҳо “Лаҳзаҳои гуворо” давом дорад!
(Ин матлаб дорои файли савтӣ аст, ки метавонед суҳбати коршиносиро дар он гӯш диҳед).
Исфандиёр Халилӣ